МУСАЛМОН КИСТ?
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
* “Мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забонаш дар амон бошанд”.
* “Мусалмон бародари мусалмон аст, бар ӯ ситам раво намедорад ва ба душман таслимаш намекунад”.
* “Мусалмон оинаи мусалмон аст, ҳаргоҳ чизе рӯи ӯ дид, бояд баргирад”.
* “Беҳтарин мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забонаш дар амон бошанд ва беҳтарини мӯъминон хушахлоқтарини онҳост.
* “Мусалмонон дар баробари дигарон якдаст (муттаҳид) ҳастанд”.
* “Мусалмонон бародари якдигаранд, касеро бар дигарӣ, ҷуз ба тақво бартарӣ нест”.
* “Касе, ки рӯзи худро оғоз кунад ва ба умури мусалмонон эҳтимом наварзад, мусалмон нест”.
* “Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ хиёнат намекунад, ба ӯ дурӯғ намегӯяд ва ӯро танҳо ва беёвар намегузорад”.