Мусалмон кист?

Мусалмон кист?

Андешкадаи Қалам

Паёмбари Худо(с) фармуданд:

*Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осоиш бошанд.

* Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон.

* Нодорӣ балост, аз он бадтар бемории тан, ва аз бемории тан душвортар, бемории дил.

* Мӯъмин ҳамвора дар ҷустуҷӯи ҳикмат аст.

* Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед ва он чӣ дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед.

* Парвардигори ҳама якест ва падари ҳама яке, ҳама фарзанди одамизод ва Одам аз хок аст.

* Аз лаҷоҷат бипарҳезед, ки ангезаи он, нодонӣ ва ҳосили он, пушаймонӣ аст.

* Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад, ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд.

* Чун туро ситойиш кунанд, бигӯ: эй Худо! Маро беҳтар аз он чӣ гумон доранд бисоз ва он чиро аз ман намедонанд, бар ман бибахш, ва маро масъули он чӣ мегӯянд, қарор мадеҳ!

* Субҳу шоме бар мӯъмин намегузарад, магар он ки бар худ гумони хато бибарад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саккокии Хоразмӣ
Уламо ва ҳукком

Матолиби пурбоздид