Муҳоҷирати корӣ ба Кувейт: Дастоварди дипломатӣ ё омили тавсеаи бӯҳрон?
Ёддошти Шавкати Муҳаммад
Дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар санаи 3 ноябри соли 2024 ба Кувайт, Ёддошти тафоҳум оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ду кишвар имзо шуд. Ин санад равандҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Кувайтро танзим намуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон мебошад. Тибқи ин ёддошт, муҳоҷирони тоҷик бо шартномаҳои инфиродии меҳнатӣ кор мекунанд, ки тибқи қонунгузории Кувайт танзим мешаванд.
Мақсади аслӣ аз имзои чунин созишномаҳо эҷоди шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, коҳиши расмиёт ва таъмини муҳофизати ҳуқуқии онҳо дар кишвари қабулкунанда мебошад. Инчунин, ҷалби ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла Al-Huqooq International Company, барои ташкили ҷараёни муҳоҷират пешбинӣ шудааст.
Ҳарчанд ин иқдом метавонад барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва диверсификатсияи бозорҳои меҳнатӣ мусоидат кунад, саволҳои зиёде вобаста ба амалӣ гардидани он ва таъсири эҳтимолии он ба муҳоҷирони тоҷик мавҷуданд, ки таҳлилро тақозо мекунад.
Имзои Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳиран як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, татбиқи амалии он ва паёмадҳои эҳтимолии он таҳлили амиқро талаб мекунанд.
Аз як тараф, ин санад нишон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш дорад имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонашро васеъ кунад. Ин метавонад мушкилоти бекориро сабуктар гардонад ва ҳаҷми интиқоли маблағҳоро ба кишвар зиёд кунад. Созишномаҳои инфиродии меҳнатӣ ва ваъдаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамчун як қадами мусбат ба назар мерасанд, бахусус бо назардошти хавфҳои баланди истисмор ва нақзи ҳуқуқ, ки муҳоҷирон дар кишварҳои Халиҷи Форс бо онҳо рӯбарӯ мешаванд.
Аз тарафи дигар, норасоии механизмҳои мушаххаси татбиқи ин иқдом суолҳо эҷод мекунад. Чӣ гуна ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд? Дар кишварҳои Халиҷи Форс анъанавӣ муносибатҳои меҳнатии иерархӣ мавҷуданд, ки дар он ҳуқуқи кормандони хориҷӣ аксар вақт поймол мешавад. Сарфи назар аз ваъдаи мувофиқати қонунгузории меҳнатии Кувайт, воқеият метавонад бо сабаби фарқият миёни меъёрҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии онҳо дигар бошад.
Ширкати хусусии Al-Huqooq International Company, ки дар раванди интихоби коргарон иштирок мекунад, бояд ба таври ҷудогона зери назар гирифта шавад. Таҷрибаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки иштироки миёнаравҳои хусусӣ аксар вақт боиси норавшанӣ, фасод ва сӯиистифода мешавад. Муҳим аст, ки дар созишномаҳои байни ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкат назорати қатъӣ ва шаффофият пешбинӣ шуда бошад.
Илова бар ин, соддагардонии расмиёт метавонад натиҷаҳои гуногун дошта бошад. Аз як тараф, ин метавонад монеаҳои бюрократиро коҳиш диҳад, вале аз тарафи дигар, бе назорати зарурӣ, ин соддагардониҳо метавонад ба афзоиши осебпазирии муҳоҷирон оварда расонад.
Аз нигоҳи сиёсӣ, зоҳиран ин созишнома мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият медиҳад, аммо, ин раванд метавонад вобастагии иқтисодиро аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон афзоиш диҳад, ки ин ҳалли устувори дарозмуддат нест.
Имзои ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Кувайт агар ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз оғоз ба назар гирифта нашаванд, метавонад дорои як идда хатарҳое бошад. Намунаи муносибатҳои мақомот ва мардуми Русия ба муҳоҷирон, ки дар он ҷо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аксаран бо табъиз, поймолшавии ҳуқуқ ва истисмор рӯ ба рӯ мешаванд, як ҳушдори ҷиддист.
Агар мақомоти тоҷик танҳо бо эъломияҳо иктифо карда, механизмҳои муассири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашонро дар хориҷ таҳия накунанд, эҳтимоли такрори буҳрони вазъияти ҳуқуқии муҳоҷирон дар Русия зиёд мешавад. Вобастагии иқтисодӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон боиси осебпазирии онҳо мегардад. Дар ҳолати набудани асосҳои ҳуқуқии қавӣ ва кафолатҳои аниқ аз ҷониби кишвари қабулкунанда, чунин муносибатҳо метавонанд ба шакли истисмори сохторӣ табдил ёбанд.
Бепарвоии мақомоти тоҷик на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон, балки манфиатҳои миллии Тоҷикистонро низ метавонад зери хатар гузорад.
Барои пешгирӣ аз такрори «сенарияи Русия» андешидани чораҳои зерин зарур аст:
Лозим аст, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар сатҳи созишномаҳои байнидавлатӣ ба таври қатъӣ бо уҳдадориҳо дар мавриди ҳимояи онҳо аз табъиз мустаҳкам шаванд.
Бояд намояндагиҳо ё бахшҳои консулӣ ва ҳуқуқӣ, дафтарҳои тарҷумонии ройгон дар кишварҳои муҳоҷират кушода шаванд, ки мушкилоти муҳоҷиронро зуд ҳал намоянд.
Назорати фаъолияти миёнаравҳо, аз ҷумла Al-Huqooq International Company ва пешгирӣ аз фасодкорӣ бояд таъмин гардад.
Барномаҳои таълимии ҳуқуқӣ, касбӣ ва забономӯзӣ ташкил шаванд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирон ва роҳҳои ҳифзи манфиатҳояшонро омӯзанд.
Агар ин чораҳо нодида гирифта шаванд, Тоҷикистон метавонад бо мушкилоти шабеҳи Русия ба монанди коҳиши имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, заифшавии ҳамбастагии иҷтимоӣ ва афзоиши вобастагӣ ба як ё ду кишвар барои ҷойи кор рӯбарӯ гардад. Ин раванд истиқлолияти кишварро халалдор карда, имконоти рушди онро маҳдуд месозад. Буҳрони муҳоҷирати корӣ амиқтар ва сарсонии тоҷикон афзунтар мешавад.
Шавкати Муҳаммад
Қаламонлайн