Муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав беш аз 800 ҳазор нафар тахмин зада мешавад

Муҳоҷират

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав беш аз 800 ҳазор нафар тахмин зада мешавад

Ахбори минтақа

Ба гузориши Рarstoday, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҳудуди 191 ҳазор нафар аст, ё ба иборати дигар, 27 дарсад аз муҳоҷирони корӣ дар Маскав шаҳрвандони тоҷик ҳастанд.

Ин теъдод шомили афродест, ки ба унвони коргари муҳоҷир дар идораҳои корёбӣ ва муҳоҷират номнависӣ кардаанд ва муҷаввизи фаъолият доранд, аммо теъдоди тоҷикҳо дар Маскав ҳудуди 800 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

Сабти номи наздик ба 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки теъдоди коргарони муҳоҷир дар ин шаҳр дар соли 2022 ба мизони қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфта буд.

Бештари коргарони муҳоҷир дар Маскав шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд, ки 61 дарсад аз теъдоди коргарони муҳоҷирро дар ин шаҳр ташкил медиҳанд.

Теъдоди шаҳрвандони Узбекистон дар пойтахти Русия, 231 ҳазор нафар аст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон
Кумакҳо ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Матолиби пурбоздид