Мӯҳсини Ризоӣ: “Тамоми аркони низом дар диплумосӣ ва майдон ҳамоҳанг ҳастанд”
Байналмилал
Мӯҳсини Ризоӣ – фармондеҳи собиқи Сипоҳи Постодони Ҷ.И.Эрон: “Тамоми аркони низом дар диплумосӣ ва майдон ҳамоҳанг ҳастанд”
Мӯҳсини Ризоӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Подорони Ҷ.И.Эрон ва узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ин кишвар, дар ёддоште дар шабакаи иҷтимоии Х навишт:
“Эрон, ба унвони кишваре, ки ҳам ба музокира ва диплумосӣ эҳтимом дорад ва ҳам дар майдони дифоъ аз худ, тавонманд аст, дар музокироти пеши рӯ бо Омрико, бо сароҳати мантиқ ва шуҷоат аз ҳуқуқ ва манофеи миллати Эрон ва низом дифоъ хоҳад кард.
Дар муқобил, дар сурати ҳар гуна таҷовуз аз сӯйи душман, дар майдони дифоъ аз худ бо қудрате фаротар аз тасаввури душман вориди амал хоҳем шуд ва мутаҷовизинро пушаймон хоҳем кард.
Дар ҳар ду ҳавзаи диплумосӣ ва майдон, тамоми аркони низом аз давлат то нерӯҳои мусаллаҳ дар як ҳамафзоӣ ва ҳамоҳангии камсобиқа, дар ҳоли тарроҳӣ ва иҷрои барномаҳо ва сиёсатҳои марбута ҳастанд.”
Қаламонлайн