Назари коршиноси тоҷик дар бораи интихоботи Эрон

Таҳлили хабарӣ

Назари коршиноси тоҷик дар бораи интихоботи Эрон

Таҳлил

Коршиноси тоҷик, Қосими Бекмуҳаммад дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон мегӯяд:

Ба истиснои Масъуди Пизишкиён, ки номзади ҷиноҳи ислоҳталаб аст, панҷ нафари боқӣ мутааллиқ ба ҷараёни усулгаро мебошанд, ки амалан ҳукумат ва парлумони кунунии Эронро дар ихтиёр доранд. Яъне ба зоҳир бартарӣ бо намояндагони ҷараёни усулгарост, аммо мушкил ин ҷост, ки овоз ё орои интихобкунандагони ҷонибдори усулгароён байни ин панҷ номзад тақсим шавад, худ ба худ Масъуди Пизишкиён дар шароити беҳтар қарор хоҳад гирифт. Бинобар ин, барои номзадҳои усулгаро роҳи аз даст надодани курсии раёсати ҷумҳурӣ фақат ва фақат ташкили эътилоф мебошад.

Аз назари Қосими Бекмуҳаммад – коршиноси тоҷик, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Саиди Ҷалилӣ аслитарин ва матраҳтарин номзадҳои усулгароён дониста мешаванд, ки эҳтимолан эътилоф хоҳанд кард ва чанд рӯз пеш аз интихобот яке аз онҳо ба нафъи дигаре аз ширкат дар интихобот даст хоҳад кашид. Мумкин аст бархе аз номзадҳои дигари усулгароён низ аз онҳо ҳимоят кунанд ва муборизаи интихоботии худро идома надиҳанд. Ҳарчанд ҳеч гоҳе наметавон дар мавриди натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз қабл пешбинии дақиқ дошт, аммо эҳтимоли ин ки аз миёни Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Саиди Ҷалилӣ яке ба пирӯзӣ даст хоҳад ёфт, ба назар қавитар мерасад.

Оё бо омадани давлати ҷадид, сиёсатҳои хориҷии Эрон тағйир хоҳад кард?

Ба ин савол, коршиноси тоҷик ин гуна изҳори назар кардаст:

Пурсише, ки ҳоло таваҷҷуҳи бисёре аз огоҳони масоили сиёсиро ба худ ҷалб кардааст, ин аст, ки оё бо интихоби раиси ҷумҳури нави Эрон сиёсати хориҷии ин кишвар то куҷо тағйир хоҳад кард? Ин пурсиш дар миёни рӯзноманигорон ва коршиносони тоҷик ҳам матраҳ аст. Албатта, дар беш аз чор даҳаи ахир сиёсати хориҷии руасои ҷумҳури Эрон тафовутҳое аз ҳам доштааст, ки намунаи онро дар роҳбурди “Нигоҳ ба Шарқ”-и Саидиброҳими Раисӣ мушоҳида кардем, ки бо сиёсати, ба истилоҳ “Рӯ ба Ғарб”-и Ҳасани Руҳонӣ, фарқи зиёде дошт.

Аммо бо ин вуҷуд, раиси ҷумҳури Эрон тасмимгирандаи аслии сиёсати хориҷӣ нест. Сиёсати хориҷии Эрон ба сурати асосӣ тавассути Шурои олии амнияти миллӣ, ки мақомоти олирутбаи сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ ва қазоӣ (додгоҳӣ) узви он мебошанд, тадвин шуда, сипас мавриди таъйиди раҳбари инқилоби ин кишвар қарор мегирад ва барои иҷро ба раиси ҷумҳур вогузор мешавад. Бинобар ин метавон гуфт, ки бо омаду рафти руасои ҷумҳур дар сиёсатгузориҳои калону аслии Эрон тағйироти ҷиддӣ ва бунёдӣ рух нахоҳад дод.

Ин коршиноси тоҷик дар изҳори назарҳояш гуфтааст:

Аммо бо итминон метавон гуфт, ки қатъи назар аз он ки кадом як аз номзадҳо пирӯз мешавад, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ба унвони яке аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии Эрон боқӣ хоҳад монд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки чун Муҳаммадбоқири Қолибоф аз собиқаи фаъолиятҳои бештари роҳбарӣ ва иқтисодӣ бархурдор аст, мумкин аст ба густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аҳамияти бештаре қоил шавад.

Эрон то ду даҳаи пеш аз ҷумлаи муҳимтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон буд, ки пеш омадани як марҳилаи кундии ҳамкориҳо боиси аз даст рафтани ҳузур ва ҷойгоҳи Эрон дар кишвари мо ва бахусус дар арсаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ шуд. Ба қавле “Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуяш рақибест”. Ҳоло бахши қобили таваҷҷуҳе аз саҳми собиқе, ки Эрон дар арсаҳои иқтисодии Тоҷикистон дошт, дар ихтиёри кишварҳои дигар қарор дошта ва шароити мавҷуд иқдомоти муассир ва ҳисобшудаи Теҳрон барои бозгардондани нуфузи қаблиашро металабад. Аз ин лиҳоз, дар канори идома ва таҳкими муносибот дар заминаҳои дигар, беҳтарин роҳкори тазминкунандаи нақши Теҳрон дар кишвари мо ҳузури сармоя, дониши фаннӣ ва фанноварии он мебошад, ки умед аст раиси ҷумҳури нави Эрон ба он таваҷҷуҳ нишон хоҳад дод.

Asiaplustj

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Касоне, ки зери сояи лутфи Худованд қарор хоҳанд гирифт
Як назарсанҷӣ дар бораи пирӯзи эҳтимолии интихоботи Эрон

Матолиби пурбоздид