Назари коршиносони исроилӣ дар бораи мавзеи Эрон аз ҷанг дар Ғазза 

Таҳлили хабарӣ
Назари коршиносони исроилӣ дар бораи мавзеи Эрон аз ҷанг дар Ғазза 
Рӯзномаи Jerusalem Post
Таҳлил
Рӯзнома исроили Jerusalem Post бо интишори гузорише аз сиёсати сабр ва интизори Эрон дар ҷанги Ғазза хабар дода ва дар гуфтугӯ бо тане чанд аз коршиносони низомӣ ва амниятии Исроил навиштааст: “Эрон мунтазир аст, ки дар як ҷанги фарсоишӣ, Ҳамос Исроилро шикаст диҳад ва агар бибинад, ки Ҳамос дар маърази шикаст аст, мумкин аст сатҳи оташи ҷабҳаҳои Меҳвари Муқовамат алайҳи Исроилро боло бибарад”.
Ин гузориш дар маҷмӯъ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки матни комили онро меоварам, ҳарчанд, ки ин гузориш чун тавассути саҳюнистҳо таҳия шудааст, бо тарзи номгузории онҳо ба хусус бо вожае чун “нерӯҳои ниёбатӣ”, ки Меҳвар Муқаваматро чунин мехонад мувофиқ нестам.
Ва аммо матни ин гузориш:
“Ҳангоме, ки Ҳамос дар 7 октябр ба Исроил ҳамла кард ва бадтарин шикасти иттилоотӣ ва низомии давлати яҳуд дар солҳои ахирро бар он таҳмил кард, раҳбарони Эрон бузургтарин шикасти иттилоотии таърихи Исроил ва шурӯъи як даргирии минтақаиро ҷашн гирифтанд.
Эрон ба унвони душмани аслии Исроил, дар тӯли даҳаҳои гузашта борҳо хостори нобудии давлати яҳуд шуда ва ба таъмини молӣ ва омӯзиши Ҳамос дар навори Ғазза кӯмак кардааст.
Эрон ҳамчунин аз дигар созмонҳои зидди исроилӣ ҳимояти молӣ кардааст, ки ба таври мудовим Исроилро таҳдид мекунанд, ки бархе аз онҳо ворид дар хушунатҳои кунунӣ шудаанд ва минтақаро вориди як ҷанги бузургтар кардаанд.
Дуктур Йоэл Гозанский, муҳаққиқи аршади Муассисаи мутолеоти амнияти миллӣ, гуфт: “Эрон метавонад розӣ бошад, ки токтики муттаҳид кардани арсаҳо алайҳи Исроил, ҳарчанд бо шиддати кам, коромад аст.”
Ӯ афзуд: “Акнун ҳамаи майдонҳо фаъол ҳастанд ва Исроил даргири оташ аст. Манофеъи Эрон ин аст, ки Исроилро бо фарсоиши тадриҷӣ аз по дароварад.”
Ҳизбуллоҳ, созмони сиёсӣ ва низомӣ, ки тавассути Эрон ҳимоят, таъмини молӣ ва омӯзиш дидааст ва қавитарин нерӯи мусаллаҳ дар Лубнон аст, пешрави ин гурӯҳҳост.
Як рӯз пас аз оғози ҷанг дар Ғазза, Ҳизбуллоҳ шурӯъ ба шиллики мушак ба шимоли Исроил кард. Аз он замон ба ин кор идома додааст ва артиши Исроил ҳамчунон бо ҳамалоти ҳавоӣ ва оташи тӯпхона посух медиҳад.
Тайи ин ҳамалот то кунун чандин сарбоз ва ғайринизомии исроилӣ кушта шудаанд ва хасороти молии қобили таваҷҷӯҳе ба Исроил ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, беш аз 100 нерӯи Ҳизбуллоҳ низ дар ҳамалоти Исроил ба ҷануби Лубнон, кушта шудаанд.
Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми сокин дар шимоли Исроил ба самти ҷануб кӯчидаанд. Ин даргириҳо метавонад ба як ҷанги тамомаёр табдил шавад.
Барои Эрон, ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ ҳамвора бахше аз роҳбурд ва орзуҳои минтақаии он будааст. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Ҳизбуллоҳ ва дар натиҷа Эрон, муроқиб ҳастанд, то аз ташдиди бештари таниш дар ҳоли ҳозир ҷилавгирӣ кунанд, Эрон мумкин аст нишон диҳад, ки тамоюлаш дар ҳоли ҳозир ҷойи дигаре аст.
Гозанский гуфт: “ Эрон мехоҳад бо фарсуда кардан, ба Исроил осеб бирасонад. Аммо дар ниҳоят, Эрон мехоҳад аз Ҳизбуллоҳ ба унвони бимаи худ (страховка) муҳофизат кунад.”
Солҳост, ки Исроил нисбат ба барномаи атомии Эрон ҳушдор додааст. Дар ҳоле, ки Эрон мункири ин аст, ки ҳадаф аз барномаи атомии вай низомӣ аст, Исроил ва бисёре аз кишварҳои дигар хилофи инро бовар доранд.
Мақомоти исроилӣ борҳо таҳдид кардаанд, ки агар Эрон дар барномаи атомии худ пешрафти чашмгире дошта бошад, Исроил ба таъсисоти атомии Эрон ҳамла хоҳад кард. Чунин ҳамлае ба вузуҳ минтақаро дар як даргирии бисёр густурдатар фурӯ хоҳад бурд.
Гозанский гуфт: “Эрон намехоҳад Ҳизбуллоҳро фарсуда кунад, зеро дар сурати ҳамлаи Исроил ба таъсисоти атомиаш, ба он ниёз дорад. Эрон акнун аз раванди ҷанг розӣ аст. Шимоли Исроил фалаҷ аст ва Ҳизбуллоҳ хасороте надидааст.”
Дар тӯли ҷанги кунунӣ, шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эрон низ ҳамалоти паҳподиро алайҳи пойгоҳҳои низомии Омрико дар шимоли Ироқ ва шарқи Сурия анҷом додаанд, ки мунҷар ба талафоти мутаъаддиде шудааст ва Иёлоти Муттаҳида низ ҷуброн кардааст.
Барои Исроил, вазъият чандон муносиб нест. Тахлияи сокинони шимол ва ҷануби кишвар, он манотиқро фалаҷ кардааст ва иқтисод ва кишоварзӣ бо талафоти сарсомоваре мутаваққиф шудааст.
Ҳам Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ва ҳам Йоав Галант, вазири дифоъ, борҳо ба Ҳизбуллоҳ дар бораи ташдиди вазъият ҳушдор додаанд.
Гозанский гуфт: “Исроил наметавонад шароити феълиро таҳаммул кунад, аммо интихоби зиёде надорад, зеро Иёлоти Муттаҳида монеъи ташдиди ҷанг мешавад.”
Ҳангоме, ки ҷанг оғоз шуд, Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, ба суръат ба кишварҳои дигар ҳушдор дод, ки аз ин вазъият суистифода накунанд, агарчӣ ӯ номе аз Эрон ё ҳеч қудрати дигаре набурд.
Бойден чандин бор гуфт: “Барои ҳар касе, ки ба фикри суистифода аз мавқеият аст, як калима дорам: накун!”
Иёлоти Муттаҳида новҳои ҳавопаймобарро ба унвони як омили боздоранда ба минтақа гусел кардааст.
Саргурд Алекс Гринберг, афсари собиқи амниятии Исроил гуфт: “Эрон ҳамеша дар ҳошия ва наззорагар хоҳад буд. Ин асоси доктринаи он аст, ки мустақиман вориди даргирӣ нашавад. Танҳо дар сурате, ки Исроил ба таъсисоти атомии онҳо ҳамла кунад, Эрон мустақиман посух медиҳад.”
Дар ҳоли ҳозир, Эрон ба диққат зери назар дорад, то бибинад Исроил то чӣ андоза дар ҳадафи эъломшудаи худ барои саркӯби Ҳамос муваффақ хоҳад буд. Агар Теҳрон тасаввур кунад, ки Ҳамос дар остонаи нобудӣ аст, мумкин аст ангезае барои афзоиши оташ дошта бошад.
Охирин боре, ки Исроил ва Ҳизбуллоҳ бо ҳам ҷангиданд, дар соли 2006 буд. Дар он ҷанг беш аз ҳазор лубнонӣ, ки аксари онҳо ғайринизомӣ буданд кушта шуданд ва зерсохтҳои Лубнон ба шиддат осеб дид. Беш аз 160 исроилӣ ҳам, ки бештари онҳо низомӣ буданд кушта шуданд.
Эътиқод бар ин аст, ки аз он замон ба баъд, Ҳизбуллоҳ ба таври қобили таваҷҷӯҳе тавоноиҳои худро боло бурдааст. Иттилооти Исроил тахмин мезанад, ки Ҳизбуллоҳ ҳудуди 150 ҳазор рокет илова бар анбори мушакҳои дақиқи ҳидоятшаванда дар ихтиёр дорад.
Бинобар ин, як ҷанги ҷадид бисёр бузургтар ва маргбортар аст. Ҳар ду тараф барои оғози чунин танишҳое мураддад ҳастанд ва Иёлоти Муттаҳида дар талош аст, то аз ин амр ҷилавгирӣ кунад.
Эрон ба унвони бахше аз шабакаи нерӯҳои ниёбатии худ, аз шибҳинизомиёни Ҳусии Яман ҳимоят кардааст, ки ба аҳдофи Исроил ва Иёлоти Муттаҳида дар интиқом аз ҷанги Исроил алайҳи Ҳамос ҳамла кардаанд.
Ҳусиҳо, ки расман ба Исроил эъломи ҷанг кардаанд, ба шаҳри бандарии Илот дар ҷануби Исроил мушак ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин партоб кардаанд. Ҳамалот то кунун хунсо шуданд, аммо таҳдиди бузургтар ҳамчунон боқӣ аст.
Алекс Гринберг гуфт: “Ба унвони бахше аз Меҳвари Муқовамат, ки ба дастури Эрон амал мекунад, посухи Ҳусиҳо қобили интизор буд.”
Таъсиргузортарин силоҳи Ҳусиҳо тавоноии онҳо дар эҷоди ихтилол дар ҳамлу нақли тиҷорӣ аз тариқи баҳри Сурх ва то коноли Суэз аст, ки сареътарин ва судовартарин масир барои киштиҳо барои сафар аз Осиё ба Урупо аст.
Гринберг гуфт: “Ин як масири стратегӣ аст. Ин як таҳдиди бузург барои озодии убуру мурури дарёӣ аст, ки метавонад як бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ эҷод кунад.”
Дар посух, Иёлоти Муттаҳида як эътилофи чандмиллиятиро бо ҳадафи ҳифозат аз тиҷорат дар баҳри Сурх эълом кард.
Гозанский гуфт: “Дар талош барои ҳифзи қудрати оташи Ҳизбуллоҳ, Эрон аз Ҳусиҳо ба унвони бахше аз талошҳои худ алайҳи Исроил истифода мекунад. Дар ҳоле, ки хасороти воридшуда то кунун маҳдуд аст, Ҳусиҳо бо талоши зиёд, қудрати зиёде ба намоиш мегузоранд ва чолиши ҷиддӣ эҷод мекунанд.”
Jerusalem Post
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил
Музокироти сахте дар роҳ аст 

Матолиби пурбоздид