Назари мардуми Ғазза нисбат ба Яҳё Синвор чист?
Таҳлиле, ки исроилиҳоро ғофилгир кард
аrabic.rt.com
Бар асоси таҳлили вежае, ки як ширкати назарсанҷӣ барои рӯзномаи исроилии “Маъорив” анҷом додааст, Яҳё Синвор, раҳбари ҷунбиши Ҳамос дар Ғазза, ҳамчунон аз ҳимояти қобили таваҷҷӯҳи фаластиниён дар ин борика бархӯрдор аст.
Ба гузориши RT, ин таҳлил нишон дод, ки гуфтумони умумӣ дар шабакаҳои иҷтимоии арабизабони Ғазза умдатан нисбат ба Ҳамос ва ба таври вежа нисбат ба Яҳё Синвор, дар се ҳафтаи гузашта мусбат будааст.
Расонаҳои исроилӣ гуфтумони умумии мусбат нисбат ба Синворро “ғофилгиркунанда” донистанд.
Коршиносони ин назарсанҷӣ тасреҳ карданд: “Бо таҳдидоти Исроил алайҳи вай дар расонаҳо, метавон афзоиши гуфтумони ҳимоятӣ нисбат ба шахси Синворро мушоҳида кард. Ба унвони мисол, пас аз ин ки сухангӯи артиши Исроил эълом кард, ки “ҷангҷӯёни мо зинда ё мурда ба Синвор даст хоҳанд ёфт”, вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоии Ғазза мушоҳида шуд, ки аз ӯ ба унвони фарде, ки Исроилро ғофилгир карда тамҷид мекарданд ва ин ки бо вуҷуди тамоми иттилооти амниятӣ, ки Исроил дар ихтиёр дорад, Синвор ҳамчунон махфӣ аст.
Илова бар ин гуфтумони мусбат, изҳори назарҳои бисёре низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шуда, ки Исроилро масъули авзои Ғазза дониста ва орзуи “нобудии душмани саҳюнистӣ” ва дуо барои мардуми Фаластинро доштанд.
Бо оғози моҳи Рамазон бидуни таваққуфи ҷанг, назароти бисёре дар тамҷид аз Синвор ба унвони фарде, ки “қотеъона дар баробари таҳдидоти Исроил истодааст” мунташир шуд.
Бар асоси гузориши “Маъорив”, афзоиши изҳори назарҳои мусбат нисбат ба Ҳамос ба далели гузоришҳои мутаъаддиде аст, ки мегӯяд, “ба назар мерасад Исроил муваффақ ба ҳазфи Марвон Исо, раиси ситоди Ҳамос шудааст.”
Аз 7 октябри 2023, Исроил ҷанги вайронгарро дар навори Ғазза ба роҳ андохтааст, ки илова бар бурузи як фоҷеаи инсонии бесобиқа ва тахриби густардаи зерсохтҳо, то кунун мунҷар ба шаҳодат ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор фаластинии ғайринизомӣ шудааст, ки бештари онҳо кӯдак ва зан ҳастанд.
аrabic.rt.com
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: