Назари мудири шабакаи Алҷазира дар Теҳрон дар бораи ҳавзаҳои илмияи Эрон
Байналмилал
Абдуқодир Фоиз, мудири шабакаи Алҷазира дар Теҳрон ва пажӯҳишгари мутолиоти эронӣ, дар барномае, дар бораи ҳавзаҳои илмия дар Эрон суханони ҷолибе гуфт, ки қисмате аз он ба шарҳи зерин аст:
“Ҳавзаҳои динӣ дар Эрон бо Инқилоб ба вуҷуд наёмадаанд, ҳавзаҳои динӣ собиқадор ва решадор дар таърих ҳастанд ва равиши илмии худро аз пеш падид овардаанд.
Ҳавзаҳои динӣ сарчашмаи душманӣ ва адоват бо Исроил ба унвони як давлат ҳастанд ва нуқтаи оғози истодан дар канори фаластиниҳо буданд. Амре, ки дар ниҳоят аз як кишвари исломӣ сар баровард.
Ҳавзаҳо ва руҳониюн дар ин мавзӯъ нақши бузурге ифо мекарданд. Онҳо кӯмакҳои молӣ ҷамъоварӣ мекарданд. Ҳавзаи динии шиа дар Эрон пеш аз Инқилоб тасмим гирифт, ки “закоти” шиаён яъне ҳамон хумсро ба Инқилоби Фаластин ихтисос бидиҳад. Ин мавзӯъ марбут ба давраи қабл аз Инқилоб аст.
Шояд афроде хушашон наояд, аммо ин як воқеияти таърихӣ аст. Руҳониёни шиа дар Эрон, бархоста аз ҳавза, фатво доданд – дар мазҳаби шиа ҳеч қароре бидуни фатво нест – ки бояд хумс яъне “закоти” динӣ, ки ба мароҷеи тақлид дода мешавад, барои Инқилоби Фаластин, гурӯҳҳои фаластинӣ ва муқовимати Фаластин дар баробари ишғолгар пардохта шавад”.
qalamonline.net
Қаламонлайн













