Намоз

Адаб
Намоз
Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Намоз
Намоз, мазҳари ниёз ва хузӯъ ва тоъати махлуқ нисбат ба холиқ аст. Ҳамаи мавҷудот ва махлуқот табъан ва таквинан ниёзманд ва хозеъ ва мутеъи иродаи Худованди Мутаъол мебошанд.
Инсон ба василаи намоз — ки муштамил аст бар қиёму қуъудҳо ва рукӯъу суҷудҳо ва такбирҳову тасбеҳҳо ва таҳлилҳо — иқрор ва эътироф ва таслими худро нисбат ба ин ҳақиқат ошкор мекунад.
Намоз, пояи дин ва фосила байни куфру имон ва шарти қабули соири аъмол аст. Дар ҳамаи шариатҳо ва адёни илоҳӣ намоз буда. Намоз ба воситаи аҳаммияте, ки дорад, ҳаргиз соқит намегардад.
Ҳар кас дар ҳудуди тавоноии худ ба ҳар шакле, ки қодир аст, бояд ин фаризаи бузургро баҷо оварад. Мусофир ва ҳамчунин сарбоз дар ҳоли ҷанг ба ҷойи чаҳор ракъат, ду ракъат мехонад, касе, ки қодир нест вузӯ бигирад, таяммум мекунад, он ки наметавонад истода намоз бихонад, бояд нишаста бихонад, агар ба нишастан низ қодир нест, хобида ба паҳлӯ ё ба пушт намоз мехонад, дар баъзе мавоқеъ намоз фақат ба сурати ишора анҷом мегирад.
Намоз, таҷдиди аҳди бандагии махлуқ бо Худост. Ҳамеша бояд ин таҷдиди аҳд такрор гардад. Намоз бояд бо ҳузури қалб ва таваҷҷӯҳу хузӯъу хушӯъ буда бошад. Агар инчунин хонда шавад, ба қалб нармӣ ва рӯшноӣ мебахшад, осори тирагии гуноҳонро маҳв мекунад ва рағбати одамиро ба гуноҳкорӣ аз байн мебарад ва монеъи фаҳшо ва мункар мегардад. Расули Худо ба асҳоби худ мефармуд: “Бархезед ва оташҳое, ки равшан кардаед, бо намоз ва таваҷҷӯҳ ба Худо хомӯш кунед.” (Таҳзибул-аҳком, ҷ.2, с.238)
Намоз шароит ва одобе дорад. Либоси намозгузор ва маҳалли намози ӯ ва ҳамчунин оби вузӯ ва маҳалли вузӯ бояд аз моли ҳалол таҳия шуда бошад ва ё соҳиби мол ризоят дошта бошад. Ҷома ва бадани намозгузор бояд пок бошад. Бояд рӯ ба Каъба, ки хонаи тавҳид аст ва ба дасти поки Иброҳим ва писараш Исмоил сохта шуда ва аз он ҷо нидои:
لا إِلهَ إِلاَّ اَللّهُ
— ба ҷаҳон расида, биистад. Ҳар намозеро бояд дар вақти муайян анҷом диҳад. Дар ҳоли намоз бояд ҳеч сухане ҷуз зикри Худо ва тасбеҳу тақдиси ӯ ба забон наёварад, ба ин тарафу он тараф мутаваҷҷеҳ нашавад, худро аз хӯрдан ва ошомидан ва ханда ва гиря ва анҷоми корҳои рӯзмарра забт кунад, дар ҳоли зикр ва қироат оромиши бадан дошта бошад. Қабл аз намоз бояд бо вузӯ ё ғусл ё таяммум вориди намоз гардад.
Шароит ва одоби намоз маҷмӯае аст аз он чи як инсони тарбиятёфта ва мутараққӣ бояд дорои онҳо бошад. Як инсони тарбиятёфта, ҳуқуқи иҷтимоиро мӯҳтарам мешуморад.
Аввал чизе, ки намозгузор таваҷҷӯҳ дорад. машрӯъ будани ҷома ва маҳалли намоз ва об ва маҳалли вузӯ аст. Намозгузор агар дайне аз мардум бар зимма дошта бошад ва мавриди мутолаба бошад, бояд аввал он дайнро бипардозад ва сипас вориди намоз шавад. Инсони тарбиятёфта покиза ва назиф ва вақтшинос ва ошно ба ҳақоиқ ва боинзибот ва хештандор аст. Намозгузор, ки вориди намоз мешавад, пок ва покиза ва назиф аст, вақтшинос ва ҷиҳатшинос аст, ба ҳақоиқе болотар аз маҳсусот ва моддиёт огоҳ ва ошност, муназзам ва боинзибот аст, метавонад эҳсосоти худро забт кунад, қодир аст афкори худро дар як нуқтаи муқаддас ва олӣ мутамаркиз кунад, ба хатоҳо ва гуноҳони худ эътироф ва изҳори надомат мекунад. Ҳамаи инҳо чизҳое аст, ки дар намоз ва намозгузор ҳаст.
* * *
Рӯза
Зане аз мусалмонон рӯза дошт, канизи хешро кор мефармуд, дар он миён бар он каниз хашм гирифт ва ба ӯ дашном дод. Расули Акрам Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи инро шунид ва медонист, ки он зан рӯзадор аст. Фавран дастур дод, ғизое ҳозир карданд ва онро ҷилави он зан гузошт ва фармуд: бихӯр. Арз кард: ё Расулаллоҳ! Ман рӯзадор ҳастам. Фармуд: “Чӣ гуна рӯзадор ҳастӣ ва ҳол он ки канизакро дашном додӣ? Рӯза танҳо ба ин нест, ки аз хӯрдан ва ошомидан худдорӣ кунӣ.”
Имом Содиқ ҳангоме, ки ҳикояти болоро барои яке аз шогирдони хеш нақл мекард, ба ӯ фармуд: “Забонҳо ва чашмҳои худро дар ҳоли рӯза комилан ҳифз кунед, бо якдигар низоъ накунед, ба якдигар ҳасад набаред, вақте, ки рӯза мегирӣ, бояд гӯшу чашмат аз ҳаром ва зишт рӯза бигирад, худнамоӣ накун, хидматкорро азият накун, кӯшиш кун, ки дар ту виқори рӯзадор буда бошад, набояд рӯзе, ки рӯза мегирӣ, бо рӯзе, ки ифтор мекунӣ мусовӣ бошад.”
Моҳи Рамазон моҳи рӯза аст. Дар ҳар сол як моҳ бар ҳамаи касоне, ки узри шаръӣ надоранд, воҷиб аст, ки рӯза бигиранд. Қуръони Карим мефармояд: “Рӯза барои шумо муқаррар шуда, то дар шумо тақво падид ояд.” (Бақара/183)
Рӯза машқ ва тамрини худдорӣ ва парҳезгорӣ ва тасаллут бар нафс аст. Машқ ва тамрин агар муназзам ва пай дар пай бошад, осори шигифт дорад, одат ва малака эҷод мекунад. Масалан, агар касе 30 рӯз пай дар пай варзиш кунад, азулоти баданаш муҳкам мешавад, агар 30 рӯз пай дар пай тамрини хатт ё наққошӣ ё тирандозӣ бикунад, қатъан пешравӣ мекунад. Чӣ гуна мумкин аст касе 30 рӯз машқи худдорӣ ва парҳезгорӣ ва тасаллут бар нафс бикунад, гурусна бишавад ва ғизо нахӯрад, ташна бишавад ва об наёшомад, аз наздикӣ бо занон худдорӣ кунад ва он гоҳ дар вай одати худдорӣ ва тасаллут бар нафс ва хештандорӣ пайдо нашавад?!
Рӯза, гузашта аз фавоиди ҷисмӣ ва сиҳҳӣ, ки дорад ва пизишкони мусалмон ва ғайри мусалмон ба он эътироф кардаанд, аз назари тақвияти ирода ва шахсияти ахлоқӣ ва истеҳкоми руҳӣ бисёр судманд аст, истиқомат ва муқовамат дар баробари нерӯҳои заъифкунандаи азму ният ва иродаро музоъаф мекунад.
Ба илова, дар асари дарҳам шикаста шудани шаҳавот, дар қалб нармӣ ва хушӯъ падид меояд, замина барои ибодат беҳтар фароҳам мешавад, ҳисси ҳамдардӣ нисбат ба фуқаро ва зуъафо ба вуҷуд меоварад, мардумро ба ёди Худо ва охират ва авоқиби гуноҳ меандозад.
Моҳи Рамазон ба воситаи рӯза ва дарҳам шикаста шудани шаҳавот ва нуронӣ шудани қалб, муносибтарин айём барои ибодати Худо ва тиловати Қуръон аст. Чун дар ин моҳ ба сабаби рӯза, ба ғароизи шаҳавонӣ камтар ғизо мерасад, заминаи тағзияи руҳ ба ибодат фароҳамтар аст.
Рӯза шаётини ҳаво ва ҳавасҳо ва шаҳавотро ба занҷир мекашад ва ба ин сабаб барои рӯзадор тавфиқи бештаре барои тазкияи нафс ва таҳзиби ахлоқ ҳосил мегардад.
Эҳтироми моҳи Рамазон воҷиб ва лозим аст. Касоне, ки ба узри шаръӣ рӯза намегиранд, масалан мусофир ё мариз мебошанд, набояд дар малаъи омм ва ё дар як маҷлиси умумӣ ғизо бихӯранд ё об бинӯшанд, зеро бо шуъуни моҳи Рамазон мунофӣ аст. Моҳи Рамазон замони ибодат аст. Замони ибодат монанди макони ибодат лозимулэҳтиром аст. Ҳамон тавре, ки эҳтироми масоҷид ё мушоҳиди пайғамбарон ва имомон лозим аст, зеро он маконҳо макони ибодат мебошанд, эҳтироми моҳи Рамазон низ, ки замони ибодат аст лозим аст.
Ҳикматҳо ва андарзҳо – Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фақр чист?
Ҳамлаи мушакӣ ба Ҳифо аз сӯйи муқовамати Ироқ

Матолиби пурбоздид