Намояндаи Путин: Таҳримҳо ба Амрико 300 миллиард доллар зарар расондааст
Ахбори байналмилал
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия эълом кард, ки таҳримҳои зиддирусӣ то кунун ба иқтисоди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳудуди 300 миллиард доллар зарар ворид кардаанд.
Ба гуфтаи намояндаи вижаи Владимир Путин, ширкатҳои амрикоӣ дар натиҷаи маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва қатъи ҳамкориҳо бо Маскав, зарари миллиарддолларӣ дидаанд ва имкони мушорикат дар тарҳҳои муштараки чандтриллиондоллариро аз даст додаанд.
Ӯ таъкид кард, ки Вашингтон дар ниҳоят бо дарназардошти манофеи иқтисодии худ маҷбур хоҳад шуд таҳримҳои зиддирусиро бозбинӣ ва ё лағв намояд. Ба гуфтаи ӯ, идомаи ин сиёсат на танҳо ба Русия, балки ба ширкатҳо ва сармоягузорони амрикоӣ низ осеб мерасонад.
Ин изҳорот дар шароите баён мешавад, ки танишҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Маскав ва Вашингтон ҳамчунон идома дошта, масъалаи таҳримҳо яке аз меҳварҳои асосии ихтилоф миёни ду кишвар ба шумор меравад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













