Намояндаи СММ аз вазъияти номуносиби озодии баён дар Тоҷикистон гуфт
Ахбори минтақа
Ба гузориши Azda комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар аз вазъи бади озодии баён дар Тоҷикистон интиқод кард.
Волкер Турк, Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар, дирӯз, 07-уми март зимни Иҷлосияи 52-юми ҳуқуқи башари ин созмон дар Женева баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар 40 кишвари ҷаҳонро ба миён гузошт.
Ӯ бо ибрози нигаронӣ гуфт: “Дар Тоҷикистон рӯзноманигорон ва блогнависони мустақил бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ ба муҳлати аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шудаанд, ки ин баёнгари саркӯби шадиди озодии баён дар ин кишвар мебошад.”
Турк таъкид кард, ки мурофиаи додгоҳии ин рӯзноманигорон ба шакли пӯшида баргузор гардидааст, чун ба назар мерасад, ки дар мурофиаҳо ягон далели ҷиддии судури ҷиноят пешниҳод нашудааст.
Ба гуфтаи Комиссари олии СММ, ин боздошту зиндонӣ карданҳо дар пайи шиддат гирифтани саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Лозим ба ёдоварист, ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз минбари созмонҳои байналмилалӣ дар масъалаи поймолшавии ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор мегирад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн