Насиҳати зебои Саъдӣ бар мулук

Насиҳати зебои Саъдӣ бар мулук

Мактаби инсоният

Эй кош рӯи мизи кории ҳокимон ва ба хусус ҳокимони худкома ва диктотур китоби “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ бошад ва ҳар рӯз як ҳикоят ва ё як панд аз он бихонанд! Инро метавонам бо камоли итминон бигӯям, ки агар Қаззофӣ ва ё Муборак ё Бен Алӣ ҳикоёт ва андарзҳои мавҷуд дар ин ду китоби арзишманд ва гаронмояро мехонданд ва аз онҳо панд мегирифтанд, сарнавиште доштанд ғайр аз он чӣ бо он рӯ ба рӯ шуданд, ки ҳамагон дидем.

Яке аз ҳақиқатҳое, ки Саъдӣ мехоҳад бо овардани як ҳикоят парда аз чеҳраи он бардорад ин аст, ки ҳокимон ва ба вижа ҳокимони худкома, гумон мекунанд, вуҷуди тарс аз эшон дар дили дарбориён ва ҳамчунин дар дили мардум, нишонаи он аст, ки мардум на танҳо ба фикри шӯридан алайҳи подшоҳ намешаванд, ки ҳатто ҷуръати фикр кардан дар ин бораро намекунанд. Ғолиби ҳокимони худкома бо инчунин пиндоре ба сар мебаранд. Аммо Саъдӣ мегӯяд, ҳақиқат дуруст хилофи ин пиндор аст. Ӯ дар ин ҳикояти кӯтоҳ аммо бисёр пурмазмун дар “Гулистон” овардааст:

Ҳурмузро гуфтанд: Вазирони падарро чӣ хато дидӣ, ки дар банд фармудӣ?

Гуфт: Хатое маълум накардам ва лекин дидам, ки маҳобати ман дар дили эшон бекарон асту бар аҳди ман эътимоди куллӣ надоранд. Тарсидам, аз бими газанди хеш оҳанги ҳалоки ман кунанд. Пас, қавли ҳукаморо кор бастам, ки гуфтаанд:

Аз он к-аз ту тарсад битарс, эй ҳаким

В-агар бо чун ӯ сад бароӣ ба ҷанг.

Набинӣ, ки чун гурба оҷиз шавад,

Барорад ба чангол чашми паланг.

Аз он мор бар пойи роӣ занад,

Ки тарсад, сарашро бикӯбад ба санг.

* * *

Ва чун забони фасеҳи Саъдӣ барои бисёре аз ҳаммиҳанони мо, бо камоли таассуф, номаънус аст, мехоҳам ин ҳикоятро бо забоне содатар бозгӯ кунам. Албатта сода ба маънои имрӯз, вагарна, дар порсӣ содатар ва равонтар аз забони Саъдӣ ёфт намешавад.

Мегӯяд, Ҳурмуз, подшоҳи сосонӣ, пас аз нишастан бар тахти подшоҳӣ, вазирони даврони падарашро ба зиндон андохт. Атрофиёнаш ба ӯ гуфтанд: вазирони падарат чӣ хатое карда буданд, ки онҳоро ба зиндон андохтӣ? Гуфт: хатое накарданд, вале дидам, ки тарсашон аз ман он қадр зиёд аст ва ба паймони ман эътимоде надоранд, ки эҳтимол додам, ки аз тарси ҷони худ, ба ман осебе ворид кунанд, пас гуфтаи ҳакимонро ба кор бурдам, ки гуфтаанд:

Аз касе ки аз ту метарсад битарс эй инсони оқил ва ҳаким! Вагарна, бо садҳо ҳамчун ӯ бояд ба ҷанг даройӣ. Надидӣ, ки агар гурба ба доми паланг биуфтад, аз тарс ҳатто чашми палангро низ бо чанголаш дармеоварад? Мор ба ин далел пойи чӯпонро мегазад, ки метарсад мабодо бо санг бар сараш бикӯбад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро Маснавӣ ҷаззоб аст?
Фарқи мӯъмин ва мунофиқ

Матолиби пурбоздид