Насиҳати Паёмбар(с)

Насиҳати Паёмбар(с)

Мактаби инсоният

Марде аз бодия ба Мадина омад ва ба ҳузури Расули Акрам расид. Аз он ҳазрат панде ва насиҳате тақозо кард. Расули Акрам ба ӯ фармуд:

— Хашм магир… Ва беш аз ин чизе нафармуд.

Он мард ба қабилаи хеш баргашт. Иттифоқан вақте ки ба миёни қабилаи худ расид, иттилоъ ёфт, ки дар набудани ӯ ҳодисаи муҳимме пеш омада; аз ин қарор, ки ҷавонони қавми ӯ дастбурде ба моли қабилае дигар задаанд ва онҳо низ муомила ба мисл кардаанд ва тадриҷан кор ба ҷойҳое борик расида ва ду қабила дар муқобили якдигар сафороӣ кардаанд ва омодаи ҷангу корзоранд. Шунидани ин хабар хашми ӯро барангехт. Фавран силоҳи хешро хост ва пӯшид ва ба саффи қавми худ мулҳақ шуд ва омодаи ҳамкорӣ гардид.

Дар ин байн гузашта ба фикраш афтод, ба ёдаш омад, ки ба Мадина рафта ва чӣ чизҳо дида ва шунида; ба ёдаш омад, ки аз Расули Худо панде тақозо кардааст ва он ҳазрат ба ӯ фармуда ҷилави хашми худро бигир!

Дар андеша фурӯ рафт, ки чаро ман барангехта шудам ва ба чӣ далеле ман силоҳ пӯшидам ва акнун худро муҳайёи куштан ва кушта шудан кардаам? Чаро бе ҷиҳат ман барафрӯхта ва хашмнок шудаам? Бо худ фикр кард, алъон вақти он аст, ки он ҷумлаи кӯтоҳро ба кор бандам.

Ҷилав омад ва пешвоёни саффи мухолифро пеш хонд ва гуфт:

— Ин ситеза барои чист? Агар манзур ғаромати он таҷовузе аст, ки ҷавонони нодони мо кардаанд, ман ҳозирам аз моли шахсии худам адо кунам. Иллат надорад, ки мо барои ҳамчу чизе ба ҷони якдигар биафтем ва хуни якдигарро бирезем.

Тарафи муқобил, ки суханони оқилона ва мақрун ба гузашти ин мардро шуниданд, ғайрат ва мардонагишон таҳрик шуд ва гуфтанд:

— Мо ҳам аз ту камтар нестем. Ҳоло, ки чунин аст, мо аз асли иддаои худ сарфи назар мекунем.

Ҳар ду саф ба миёни қабилаи худ бозгаштанд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Усули кофӣ”)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳамияти обрӯи инсон
Аҳамияти илму огоҳӣ

Матолиби пурбоздид