Натонёҳу таслим шуд 

Натонёҳу таслим шуд 
Тарҳи ислоҳоти қазоӣ мутаваққиф шуд
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил”, ҳамзамон бо идомаи тазоҳуроти густурда дар сарзаминҳои ишғолӣ, бо пазириши шикаст, таваққуфи тарҳи ислоҳоти қазоии мавриди назари худро эълом кард.
Ба гузориши Алҷазира, вай дар суханронии худ унвон кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба “масъулиятпазирии миллӣ” ва ба манзури “ҷилавгирӣ аз дудастагӣ ва ихтилофоти дохилӣ”, таваққуфи тарҳи ислоҳоти қазоиро эълом мекунад. Ӯ муддаӣ шуд, ки тасмиме барои эҷоди тафриқа ва ихтилоф байни исроилиҳо надорад.
Натонёҳу ҳамчунин гуфт: “Ҳамаи тарафҳоро ба гуфтугӯ барои пешбурди ин ислоҳоти қазоии муҳим даъват мекунам. Исроил бидуни артиш боқӣ нахоҳад монд ва артиш ҳам тоби таҳмили туғёну саркаширо надорад.”
Ҳамзамон тазоҳуроти ифротиҳо ва ростгароён муқобили Девони олии “Исроил” дар ҳимоят аз ислоҳоти қазоӣ сурат гирифт ва тибқи расонаҳои исроилӣ, 200 ҳазор нафар дар тазоҳуроти дирӯзи ростгароёни тундрав ширкат карданд. Хабарнигори Алҷазира эълом кард, ки вузаро ва аъзои Кнессет аз эътилофи ҳоким дар тазоҳуроти шомгоҳи дирӯзи ростгароён дар ҳимоят аз ислоҳоти қазоӣ ширкат карданд.
“Исроил” даргири бӯҳрони шадиди сиёсӣ аст; бӯҳроне, ки аз ибтидои соли ҷорӣ оғоз шуд ва дар ҳафтаҳои ахир пас аз он ки садҳо ҳазор нафар дар эътироз ба лоиҳаи ислоҳоти системи қазоӣ ба хиёбонҳо омаданд, ба авҷи худ расид.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳмони хосси Худо
Ибни Сино ва Декорт

Матолиби пурбоздид