Некӣ ба падару модар ва осори он

Адаб

Некӣ ба падару модар ва осори он

Худованди Мутаол илова бар он ки дар дунё шароити рушд, пешрафту кушоиши рӯзиро барои касоне, ки ба падару модари хеш эҳсон мекунанд, фароҳам месозад дар охират низ аз гуноҳон ва корҳои зишти онон мегузарад. Амалашонро мепазирад ва ононро дар миёни биҳиштиён ҷой медиҳад.

Аммо касоне, ки аз падару модари боимони хеш руйгардонӣ мекунанд ва ба онон беэҳтиромӣ мекунанд, илова бар он ки аз пандҳои хирадмандонаи онҳо бебаҳра мешаванд, гирифтори азоби Илоҳӣ ва аз зиёнкорон мешаванд. Паёмбари Акрам(с) фармуд: Худованд чаҳор чизро дар чаҳор чиз қарор дод, баракати илмро дар таъзими устод, бақои имонро дар таъзими Худованд, наҷот аз оташро дар тарки озори халқ ва лаззати зиндагиро дар некӣ ба падару модар.

Ҳазрати Паёмбар(с) фармуд: “Ҳар дафъае, ки фарзанде ба падару модараш бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад Худованд барояш савоби як ҳаҷҷи мабрур менависад”.

Асҳоб гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Агар ҳар рӯзе сад бор бингарад чӣ?

Ҳазрат фармуд: Худованд бузургтар ва поктар аз ин аст.

Яке аз балоҳои охири замон нодида гирифтани ҳуқуқи падару модар аст. Дар ҳоле, ки дар Ислом баъд аз ҳуқуқи Худованди Мутаол ва анбиё(а) ҳеҷ ҳаққе бар инсон болотар аз ҳуқуқи волидайн нест ва хеле ба он таъкид шуда ва тарки он хилофи таълимоти Илоҳӣ дониста шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бузургвор бош
Иқрор ба надониста айб нест

Матолиби пурбоздид