Нигоргари ҳунарманд
Машоҳир ва номоварон
Камолуддини Беҳзод машҳуртарин нигоргари эронӣ аст; марде, ки овозаи ҳунараш аз марзҳои Эрон фаротар рафт ва ҳатто бисёре аз ҳунармандони ҳиндӣ ва усмонӣ ҳамаи умр дар ҳасрати дидани барге аз нигоргариҳои ӯ буданд.
Бо ин ки муаррихони қадимӣ матолиби бисёре дар бораи Беҳзод навштаанд, вале иттилооти бисёр каме аз ӯ вуҷуд дорад ва бисёре аз мардум дар бораи зиндагӣ ва ҳунари ин марди бузург чизи зиёде намедонанд.
Беҳзод бо таҳаввуле, ки дар нигоргарии мактаби Ҳирот дар даврони зиндагии худ эҷод кард, тавонист ба сурати мустақим ва ғайри мустақим боиси халқи осори арзишманде шавад, ки имрӯз ҷузъи гаронтарин ва арзишмандтарин осори нигоргарӣ ба шумор мераванд.
Ӯ машҳуртарин нигоргари мактаби Ҳирот буд; мактабе, ки пас аз зуҳур, ба аслитарин шеваи нигоргарӣ дар Эрон табдил шуд. Ҳирот дар тӯли 38 соли салтанати Султон Ҳусайни Бойқаро ба далели алоқаи ин подшоҳ ба шеър, ҳунар ва мусиқӣ, ба маркази фаъолияти ҳунармандон табдил шуд ва онҳо тавонистанд дар ин муддат беҳтарин осорашонро халқ кунанд.
Музеҳои дунё имрӯз ба доштани баргҳое аз ҳунармандони Ҳирот дар ганҷинаҳояшон ифтихор мекуананд; баргҳое, ки дар ҳар ҳароҷе, ки бошанд, ба унвони гаронтарин асар ба фурӯш мерасанд ва маҷмӯадорҳо барои доштанашон сару даст мешикананд.
Бахши бузурге аз нигоргарии Эрон мадюни Беҳзод ва шогирдоне аст, ки ӯ тарбият карда. “Шоҳномаи Таҳмосбӣ”, ки шоҳкори гаронқимат ва маъруфи нигоргарии Эрон аст, тавассути шогирдони Беҳзод ва дар муддати чанд сол халқ шуд.
Шоистатарин ҳунармандони мухталифи асри Сафавӣ, ки дунболарави Камолуддини Беҳзод буданд, 20 сол барои такмили ин китоб кор карданд ва дар ниҳоят, ба далели такмил шудани он дар замони салтанати Шоҳ Таҳмосб (фарзанди Шоҳ Исмоил) ба “Шоҳномаи Таҳмосбӣ” ё “Шоҳ Таҳмосб” маъруф шуд. Ин асар дар охирҳои садаи 16-ум тавассути Шоҳ Таҳмосби Сафавӣ ба султони тоза бар тахтнишастаи усмонӣ ҳадия дода шуд ва то авоили садаи 19-ум дар онҷо боқӣ монд.
Вижагиҳои хос ва шигифтангези ҳунари эронӣ, ки дар ин китоб ба кор рафта, боис шуда дар бораи наҳваи халқи он ривоёти мухталифе, ки бархе аз онҳо ба афсона шабеҳ аст, ба вуҷуд биёяд.
Мактаби Ҳирот дар давраи ҳукумати Шоҳрухи Темурӣ поягузорӣ шуд ва дар даврони Султон Ҳусайни Бойқаро ба авҷи худ расид. Нигоргарон ва хушнависони машҳури он давра барои кор рӯи ин мактаб ба Ҳирот сафар карданд ва бо сукунат ва фаъолияти ҳунарӣ дар он ҷо, Ҳиротро ба маркази аслии фарҳанг ва ҳунар табдил карданд. Осоре, ки аз ин давраи хос боқӣ монда, ҷузъи дурахшонтарин осори нигоргарӣ ба шумор мераванд. “Шоҳномаи Бойсунқурӣ”, ки шомили 22 сафҳа аст, аз муҳимтарин осори ин давра аст. Ин асар дар музеи “Кохи Гулистон” нигаҳдорӣ мешавад.
Беҳзод аз мероси гузаштагон ва ба хусус аз дастовардҳои ду устоди муосираш – Руҳуллоҳи Мираки Хуросонӣ ва Мавлоно Валиюллоҳ — ба хубӣ баҳраманд шуд. Ӯ дар ҳудуди 20 солагӣ тавонист худро ба унвони як наққоши боистеъдод муаррифӣ кунад. Беҳзод дар як давраи 8 сола сабки худро такомул бахшид ва дар давраи баъд беҳтарин осорашро офарид. Беҳзод осори гуногуне аз худ боқӣ гузошт, ки бештари онҳо имзо надоранд. Бахше аз наққошиҳои мансуб ба ӯ мумкин аст бо ҳамкории дигарон ё тавассути шогирдонаш иҷро шуда бошад.
Чеҳраҳо ё рӯйдодҳои воқеӣ ва зинда, бознамоии вақойеи торихӣ бар асоси гузориши муосирон ва омехта бо хиёлпардозӣ, тасовири марбут ба китобҳо ва нигораҳои мустақил аз матн, ки маъмулан саҳнае хиёлиро ба тасвир кашидаанд, бахшҳои мухталифи нигоргариҳои Беҳзодро ташкил медиҳанд.
Аслитарин вижагии осор ва сабки Камолуддини Беҳзодро воқеъгароӣ медонанд. Ӯ тавонист бо воқеитар кардани ҷузъиёти сурати одамҳо, онҳоро ба воқеият наздиктар кунад ва ҳолати табиитаре ба онҳо бибахшад.
Камолуддини Беҳзод, бар хилофи нигоргарони пешин, ба ҷаҳони воқеӣ таваҷҷӯҳ кард. Ӯ тавонист ҳолати хосс ва зарифи он чиро, ки медид, бо вузуҳи комил ташхис диҳад. Бинобар ин, дар ҳамаи наққошиҳояш инсонҳо, ҳайвонот, наботот, сахраҳо ва кӯҳҳо, аз хисталҳои хосси худашон окандаанд. Ӯ ба мадади тарроҳӣ тавонист пайкараҳои якнавохт ва беҳолат дар наққошиҳои пешинро ба ҳаракат дароварад. Ҳолатҳо, қиёфаҳо ва ранги чеҳраҳоро танаввуъ бахшид. Табиат ва меъмориро ба макони феъл ва амали одамҳо бадал кард, ва дар ин муҳит барои ҳар пайкар ҷое муносиб дар назар гирифт. Дарахтони сапедор бо баргҳои поизӣ, гулу бӯта ва алафҳои мухталиф ва номуназзами теппаҳо ва наҳрҳои мушобеҳи табиат, аз аносури аслии манозири Беҳзод буданд. Гоҳ заминро бидуни гулу гиёҳ намойиш медод, то битавонад ҳаракот ва равобити пайкарҳоро ба шакли боризтар ба намоиш бигузорад.
Ӯ дар оғози фаъолияташ дар китобхонаи Султон Ҳусайни Бойқаро, тамаркузашро рӯи тасвиргарии китобҳои достонӣ ва торихӣ гузошт. Талоши ӯ дар ин замина боис шуд, тасвиргарии китоб дар он давра, таҳаввули бузурге ёбад. Пеш аз Беҳзод, дар нигоргариҳо ҷое ҳам барои хушнависии бахше аз шеър ё достон мегузоштанд, аммо ӯ бо ҳувият бахшидан ба наққошӣ ва ҷудо кардани он аз матн, тасвирҳое мустақил ба вуҷуд овард.
Авҷи навоварии Беҳзодро дар нигораҳои нусхаи “Бӯстони Саъдӣ” ва нусхаи “Хамса”-и Низомӣ метавон дид. Ин осор дар солҳое падид омаданд, ки Беҳзод дар дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ва дар як муҳити хирадмандона кор мекард.
Зебоии осори Беҳзод ва навовариҳои ӯ дар нигоргарӣ боис шуд, бисёре аз ҳунармандони пас аз ӯ, сабки ин ҳунармандро дунбол кунанд. Ҳамчунин ин мавзӯъ боис шуда, то имрӯз нигоргариҳои бидуни имзое тавассути дигарон халқ шудаанд ба Беҳзод нисбат дода шаванд. Бо ин ҳол, таъодул ва таносуби тасовир ва рангҳо аз мушаххасаҳои муҳимми корҳои Камолуддини Беҳзод аст. Диққати ӯ дар пиёда кардани ҷузъиёт шигифтангез буд ва саъй дошт, тасовир ба воқеият наздиктар бошанд. Ин воқеъгароӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои ташхиси наққошиҳои ин ҳунарманд аз осори дигарон аст. Беҳзод ба шиддат ба ҷузъиёт аҳаммият медод. Шохаҳои пуршукӯфа ва нақши кошиҳо ва фаршҳои пур аз зевар, дар осори ин ҳунарманд нишондиҳандаи завқи тазйинӣ ва зарофати беҳисоби Беҳзод аст.
Яке аз муҳимтарин далоили шӯҳрати Камолуддини Беҳзод, шефтагии ҳунармандони ғайри эронӣ ба сабки кории ин устод буд. Овозаи ҳунари Беҳзод аз марзҳои Эрон фаротар рафт ва ҳунармандони усмонӣ ва ҳиндӣ усули ӯро дар корҳояшон дар пеш гирифтанд. Урҳон Помук, нависандаи турки барандаи ҷоизаи Нубел, дар китоби “Номи сурхи ман”, ки дар соли 1998 дар Туркия мунташир шуд, аз “Шоҳномаи Таҳмосбӣ”, зебоии наққошиҳои он ва нубуғи ҳунармандони эронии асри сафавӣ ном бурдааст. Ӯ дар ин китоб гуфта, ки бисёре аз ҳунармандон ва наққошони тирози аввали усмонӣ дар ҳасрати нигораҳои ин асари арзишманд буданд ва охирин орзуи умри ҳунарии худро дидани ҳунари ҳунармандони эронӣ медонистанд.
Камолуддини Беҳзод пас аз тасарруфи Ҳирот тавассути Шоҳ Исмоили Сафавӣ, ба Табрез рафт ва дар давраи Шоҳ Исмоил ва Шоҳ Таҳмосб ба фаъолияти ҳунарияш идома дод. Ӯ дар ҳамин шаҳр аз дунё рафт.
Қаламонлайн
qalamonline.net













