Нигоҳе ба вазъи порсӣ – тоҷикӣ дар минтақа ва Тоҷикистон

Фарҳанг

Нигоҳе ба вазъи порсӣ – тоҷикӣ дар минтақа ва Тоҷикистон

Саъди Ворисов

Дар як даҳаи гузашта порсии тоҷикӣ дар сатҳи минтақа ва Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти калону қобили мулоҳизае шудааст, ки бархеи он мусбату бархеи дигар манфӣ мебошанд. Дар ин гузора мурури кӯтоҳе ба он мекунем.

Тоҷикӣ дар Узбакистон: ” Садпораи бо мо ошно”

Беҳбуди муносиботи Душанбеву Тошканд, боз шудани марзҳо, лағви раводид, ҳампаймонӣ байни Тоҷикистону Узбакистон шуруъ аз 2016 на танҳо дар буъди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ки дар абъоди фарҳангӣ ва забонӣ низ баракоте бо худ дошт, ки якеи он рӯҳия гирифтани тоҷикӣ дар Узбакистон аст. Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки бештари боздидкунандагон аз Тоҷикистон шаҳрвандони ҳамсоякишвари мо ҳастанд. Ин рафтуоҳои зиёд ва ҳамкалому ҳамсухан, ҳамсуфраву ҳамнишин шудани шаҳрвандони ду кишвар ба вазъи забон бе таъсир нахоҳад монд, ки дар маҷмуъ як таҳаввули калон ва мусбат дар иртибот ба забон аст. Албатта ҳарду забон. Тоҷикӣ дар Узбакистон ва узбакӣ дар Тоҷикистон.

Порсии дарӣ дар Афғонистон: “Тахт гум карду умедро гум накард”

Таҳаввули калони дигар дар иртиботи забони порсӣ дар сатҳи минтақа ин мавриди зулму ситам ва ҷавру ҷафо қарор гирифтани порсии дарӣ дар Афғонистон аст. Бо фурӯпошии ҷумҳурият дар 2021 ва қудратгирии аморат, порсии дарӣ мавриди ҷавру ҷафои ҳаюлои пурхашми Толиб қарор гирифт, ки аз лавҳаҳову овезаҳо, аз идороту расмиёт, аз расонаҳову матбуот рӯз то рӯз канор зада мешавад ва ҷойи худро ба забони пашту медиҳад. Сиёсати забонии гурӯҳи тундрави Толибон ба андозае бедодгарӣ мекунад, ки ҳатто рӯҳонии сахтгире чун Муҷибурраҳмони ҳиротӣ, ки аз ҷонибдорони дуоташаи ин гуруҳ буд, вақте аз ҷаври забонии Толибон интиқод кард ва аз роҳбарони он хост, ки дар манотиқи порсизабон паштуҳоро роҳбар таъйин накунанд, бо амалиёти интиҳорӣ аз байн бурда шуд. Файзулло Ҷалол аз мунтақидони ин гуруҳ, ки дар берун ба сар мебарад дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки дар кишвараш ифҳому тафҳим байни роҳбарону зердастон вуҷуд надорад. Чун курсинишинон порсӣ намедонанду зердастон пашту. Бо вуҷуд, талошҳое барои наҷоти порсии дарӣ аз ин манҷалоб, мушоҳида мешаванд.

Порсии тоҷикӣ ва порсии иронӣ: “Аз як ҷоми Ҷам ҳастему аз як ҷоми Ҷам мастем”.

Дигар таҳаввули калоне, ки ба тозагӣ (августи 2024) дар иртибот ба забон ба вуқуъ пайваст ин лағви раводид байни Душанбе ва Теҳрон аст, ки рафтуо миёни ду кишвари ҳамзабонро осону зиёд кард. Агарчӣ дар буъди аввал тиҷорату савдо ва гардишгариву сайёҳии дутарафаро густариш медиҳад, аммо дар табаъи он дар наздикшавии бештар байни ду гӯйиши як забон низ кӯмак хоҳад кард. Як дӯсти тоҷирам, ки дар масоили забонӣ ворид несту тозагиҳо иронгардӣ кард, дар навору видюҳое ки аз гӯшаҳои Ирон фиристод чандто калимаву вожаҳои нави порсиро нохудогоҳ истифода кард, ки хушоянд буд. Хулоса, лағви раводид байни Тоҷикистону Ирон пайванди бештари ду гуйиши порсӣ: порсии тоҷикӣ ва порсии иронӣ аст, ки иттифоқи калону хубе аст. Умед, ки рӯзе раводид байни ду хат ҳам лағв шавад. Тоҷикӣ ба хатти аҷдодӣ баргардад!

Тоҷикӣ дар Тоҷикистон: “Қудратманду ошуфта”

Тоҷикӣ дар кишвари мо забони расмист, давлатист. Қудрат дорад. Ҳукумат дорад, аммо вазъияти умумияш байни суру суг аст. Ҷоҳое хеле одамро шахсияту ғурур медиҳад ва ҷоҳое парешону ҳазин мекунад. Қудратгирии тоҷикӣ дар хеле аз бахшҳо мушоҳида мешавад. Ҳаҷми азими рекламаву таблиғот бо ин забон садо медиҳанду гӯяндагони пурмаҳорату бофасоҳат ҳам кам нестанд. Озмунҳои китобхониву шеъру суруд хеле истеъдодҳову забондондонҳоеро чеҳранумоӣ мекунад, ки мисли ганҷҳои хуфта зоҳир мешаванду дар ғановати тоҷикӣ саҳм мегузоранд. Ин албатта шодиовар аст, аммо дар ин баробар ҳанӯз ҳам тоҷикӣ дар қолаби русӣ рехта мешаваду рушду нумуъ мекунад. Бархе вожаҳову таъбирҳо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва беҳунарона аз ин забонанд, ки ошуфтагӣ меёранд. Рӯзе нест, ки дар шабакҳои иҷтимоӣ баҳсҳое атрофи ғалатҳои забонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагиранд.

Бо вуҷуд, забони мо, ки яке аз арзишҳои муҳимми маънавӣ ва миллии мост, дар баробари чолишҳои гуногун ҷонсахтӣ мекунаду дар якҷо намеистад. Дар ҳаракат аст. Барояш баракат орзу мекунам ва ин рӯзи хуҷастаро ба ҳама порсигӯёну тоҷикзабонон хуҷаставу муборак мегӯям.

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,

Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад!

Рӯзи забон муборак!

Саъдӣ Ворисов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абӯубайда: Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба Ҷулон – паёми ҳушдоре ба ишғолгарон
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Иқдоми нерӯҳои мусаллаҳ – камтарин муҷозоти саҳюнистҳо буд

Матолиби пурбоздид