Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – II

Нигоҳе ба шахсияти ҳазрати Исо(а) дар Қуръон ва Инҷил – II

Маърифат

Идомаи матлаб

Ҳазрати Исо(а) аз паёмбароин улулазми Худованд ва соҳиби шариат мебошанд. Дар ин навишта муаллиф нигоҳе андохтааст ба шахсияти ин паёмбари илоҳӣ дар Қуръон ва Инҷил.

 Ахлоқи ҳазрати Исо (а) дар Қуръон ва Инҷил

Дар Қуръон ҳазрати Исо (а) як паёмбари улулазм муаррифӣ шудааст. Паёмбарони улулазм дорои арзишҳои руҳонӣ ва ахлоқӣ ва илмии болое ҳастанд ва дар сифоте чун тақво ва таваҷҷӯҳ ба Худованд ва сабр ва афв ва бахшоиш саромади дигарон ҳастанд. Қуръон суханони ҳазрати Исо (а) дар гаҳвораро чунин нақл мефармояд:

قَالَ إِنِّي عَبْدُ اللَّهِ آتَانِيَ الْكِتَابَ وَجَعَلَنِي نَبِيًّا. وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيْنَ مَا كُنْتُ وَأَوْصَانِي بِالصَّلَاةِ وَالزَّكَاةِ مَا دُمْتُ حَيًّا. وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا

Гуфт: Манам бандаи Худо, ба ман китоб дода ва маро паёмбар қарор додааст. Ва ҳар ҷо, ки бошам, маро бобаракат сохта ва то зиндаам, ба намоз ва закот суфориш кардааст. Ва маро нисбат ба модарам некӯкор карда ва зӯргӯ ва нофармон нагардонидааст.” (Сураи Марям, оятҳои 30-32)

Дар Қуръон як вижагии истисноӣ барои ҳазрати Исо (а) зикр шуда ва ӯ ба мақоме пурифтихор ноил гардидааст, ба гунае ки аҳаде аз паёмбарон ин гуна сутуда нашудаанд:

وَجِيهًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ

Обрӯманд дар дунё ва охират…

إِذْ قَالَتِ الْمَلَائِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٍ مِنْهُ اسْمُهُ الْمَسِيحُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ وَجِيهًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمِنَ الْمُقَرَّبِينَ

(Ёд кун) ҳангомеро, ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям! Худованд туро ба калимае аз ҷониби худ, ки номаш Масеҳ Исо ибни Марям аст мужда медиҳад, дар ҳоле ки ӯ дар дунё ва охират обрӯманд ва аз муқаррабони даргоҳи Худост.” (Сураи Оли Имрон, ояти 45)

Дар як ҷой аз Инҷили Матто аз забони ҳазрати Исо (а) гуфта шудааст:

Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: “Чашм бар ивази чашм, дандон бар ивази дандон”. Лекин Ман ҳоло ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ бидиҳед. Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки як фарсах роҳ равед, ду фарсах бо ӯ роҳ равед. Вақте ки касе аз шумо чизе талаб мекунад, онро ба ӯ бидиҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шаванд, не нагӯед.” (Инҷили Матто, 5:38-42)

Ҳарчанд дар тӯли торихи масеҳият ин тавсияҳои ахлоқӣ ба абзоре барои хомӯш кардани инқилобҳо ва эътирозот табдил шуда ва бардошти ғалат аз чунин дастурҳое боис шуда, ки чеҳрае зулмпазир аз ҳазрати Исо (а) намоёнда шавад, ва лекин ба назар мерасад, ки ин тавсияҳо марбут ба ҷомеаи мӯъминон аст, ки бо якдигар бародарона зиндагӣ кунанд ва барои ҳифзи бародарӣ, гоҳе лозим аст, ки инсон аз ҳаққи худ низ бигузарад ва ба ҷойи интиқом гирифтан ӯро бо мулотифат ва некӣ ҳидоят намояд.

Оре, ҳазрати Исо (а) шахсияте зулмпазир набуда. Ӯ ҳатто аз назари китоби муқаддас, шахсияте инқилобӣ аст, ки барои наҷоти маҳрумон аз султаи ситамкорон зуҳур карда. Ҳар кас, ки дар зумраи ёрони ӯст бояд омодаи ҷиҳод ва шаҳодат бошад. Ӯ ба ҷойи оромиш дар гумроҳӣ, қиём ва шамшерро баргузидааст:

Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам. Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам. Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.” (Инҷили Матто, 10:34-36)

Ҳазрати Исо (а) борҳо ва борҳо бо ҷумалоти пай дар пайи худ руҳонияти яҳудро ба фасод ва ҳаромхорӣ ва заъфи ахлоқӣ муттаҳам мекунад. Аз нигоҳи вай, мушкили асосии руҳонияти яҳуд, илова бар камтаваҷҷӯҳӣ ба аҳкоми шариат, наомехтани шариат бо руҳи онон аст, ки ҳамоно фазоили ахлоқӣ аст. Ин нукта сабаб шуда буд, ки шариатзадагӣ ва тақаддусмаобӣ шеваи роиҷ дар созмони руҳонияти яҳуд бошад. Ва шояд ба ҳамин далел аст, ки таъолими ҳазрати Исо (а), рангу бӯи ахлоқӣ ва маънавии бештаре дорад.

Достони ба салиб кашида шудан дар Қуръон ва Инҷил

Ҳар чаҳор Инҷил чигунагии дастгирӣ, муҳокима ва ба салиб кашида шудани ҳазрати Исоро бо тафовутҳое ҷузъӣ нақл кардаанд. Хулосаи достон аз Инҷили Марқус бад-ин қарор аст:

То иди фисҳ ва фатир ду рӯз монда буд. Сардорони руҳонӣ ва шариатдонони яҳуд роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Онҳо мегуфтанд: “Дар рӯзҳои ид ин корро кардан мумкин нест. Шояд одамон шӯриш мебардоранд”…

Он гоҳ яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо, ки номаш Яҳудои Исқарют буд, ба назди сардорони руҳонӣ рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. Онҳо аз шунидани ин хеле хушҳол шуда, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас, Яҳудо фурсати муносиб меҷуст, то ки Исоро ба дасти онҳо бисупорад…

Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдаш расида омад ва ҳамроҳаш як тӯда одамони чӯбу шамшер дар даст аз ҷониби сардорони руҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм буданд. Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: “Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред”.

Яҳудо дарҳол ба Исо наздик шуду “Устод!” гуфта, Ӯро бӯсид. Пас онҳо Исоро дастгир карданд…

Исоро ба хонаи сарвари руҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони руҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд… Сардорони руҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеч далеле пайдо накарданд. Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад…

Он вақт сарвари руҳониён дар ҳузури ҳама бархоста, аз Исо пурсид: “Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеч ҷавобе намедиҳӣ?” Аммо Исо хомӯш истода, ҳеч ҷавобе надод. Сарвари руҳониён боз пурсид: “Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?”

Исо гуфт: “Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд”.

Он гоҳ сарвари руҳониён либосашро дарронда гуфт: “Дигар ба мо ҳеч шоҳиде лозим ҳам нест! Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?” Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд…

Саҳарии барвақт сардорони руҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд…

Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.

Сарбозон Исоро ба ҳавлии дарбор бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд…

Дар роҳ онҳо бо як роҳгузари қуриние вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шамъун ном дошт ва падари Искандару Руфис буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне “Ҷойи косахонаи сар” ном дошт. Сарбозон ба Ӯ майи бо мӯр омехтаро доданд, вале Ӯ онро қабул накард. Он гоҳ Исоро ба рӯи салиб мехкӯб карданд… Соати нӯҳи саҳар буд, ки Ӯро рӯи салиб мехкӯб карданд…

Нисфирӯзӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифт ва он то соати се давом кард. Дар соати се Исо бо садои баланд фарёд зад: “Элуҳӣ! Элуҳӣ! Лима сабақтанӣ?”, яъне “Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?”.. Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.

Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салумит ва Марям, ки модари Яъқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. Онҳо дар Ҷалил Исоро пайравӣ мекарданд ва дар эҳтиёҷаш кӯмак мерасонданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омаданд, дар он ҷо буданд…

Шом шуд ва мардум ба рӯзи истироҳат тайёрӣ медиданд. Юсуф ном шахс аз шаҳри Аромот, ки аъзои обрӯманди шӯро буд ва омадани подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат ба назди Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст?!

Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. Юсуф суфи сафед харид ва ҷасадро аз салиб поён фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре канда шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. Марями Маҷдалия ва Марям, модари Юшо диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.

Вақте ки рӯзи истироҳат ба охир расид, Марями Маҷдалия, Марям, ки модари Яъқуб буд ва Салумит рафта, равғани хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр раҳсипор шуданд.

Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: “Кӣ санги калонро аз даромади қабр барои мо мебардорад?” Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.

Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.

Вале ҷавон ба онҳо гуфт: “Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай аз нав зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши шумо ба Ҷалил меравад, то шуморо дар он ҷо бибинад, чунон ки ба шумо гуфта буд”. (Инҷили Марқус, аз боби 14 то 16)

* * *

Ин гузориши Инҷили Марқусро се Инҷили дигар бо тафовутҳои ҷузъӣ нақл кардаанд. Бар асоси ин гузориш (ки масеҳиён ба он ақида доранд), ҳазрати Исо ба салиб кашида ва дафн шуд, вале пас аз се рӯз зинда шуд ва ба осмон рафт ва назди Худованд ҷой гирифт.

Қуръони Карим низ ба осмон бурда шудани ҳазрати Исо (а)-ро гузориш кардааст, ки бар асоси он ҳазрати Масеҳ (а) акнун зинда аст ва дар назди Худо ҷой дорад, аммо Қуръон мегӯяд, ки ҳазрати Исо (а) маслуб нашуд ва ӯро накуштанд, балки ин амр бар душманони ӯ муштабаҳ шуд ва ҳазрат (а) мустақиман ба осмон бурда шуд:

وَقَوْلِهِمْ إِنَّا قَتَلْنَا الْمَسِيحَ عِيسَى ابْنَ مَرْيَمَ رَسُولَ اللَّهِ وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا. بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

Ва гуфтаи эшон (Банӣ Исроил), ки мо Масеҳ Исо ибни Марям паёмбари Худоро куштем ва ҳол он ки онон ӯро накуштанд ва маслубаш накарданд, лекин амр бар онон муштабаҳ шуд ва касоне, ки дар бораи ӯ ихтилоф карданд, қатъан дар мавриди он дучори шак шудаанд ва ҳеч илме ба он надоранд, ҷуз он ки аз гумон пайравӣ мекунанд ва яқинан ӯро накуштанд. Балки Худо ӯро ба сӯйи худ боло бурд ва Худо тавоно ва ҳаким аст.” (Сураи Нисо, оятҳои 157-158)

Масъалаи ба салиб кашида шудани ҳазрати Масеҳ (а) аз масоили бисёр муҳим ва асосӣ дар масеҳият ба шумор меравад, ба гунае, ки метавон гуфт, ҳамон тавр ки асоси эътиқодоти мусалмононро “ақида ба тавҳид ва яктопарастӣ” ташкил медиҳад, асоси ақоиди масеҳиятро бояд дар омӯзаи “таслиб” ва “фидо” ва “растохез”-и ҳазрати Исо (а) ҷустуҷӯ кард.

Он чӣ аз таъаммул дар мавриди масъалаи маслуб шудан ё нашудани ҳазрати Масеҳ (а) ба даст меояд ин аст, ки ҳарчанд ин масъала ба зоҳир содда ба назар мерасад (чун воқеият ҳар чӣ бошад, ҳазрати Масеҳ (а) алъон зинда ва дар осмонҳо назди Худост) лекин таъкиди Қуръон бар “маслуб нашудани ҳазрати Исо” ба хотири ин аст, ки бархе аз ақоиди масеҳиятро — монанди улуҳияти ҳазрати Исо ва омӯзаи “гуноҳи зотӣ” ва “бозхариди гуноҳон” ба изои маслуб шудани он ҳазрат, ки ҳамагӣ аз ақида ба маслуб шудани он ҳазрат нашъат гирифтаанд — тахтиа кунад ва таваҷҷӯҳи масеҳиёнро ба ин нукта ҷалб намояд, ки “наҷот”-ро дар гарави аъмол бояд дид, на дар паноҳ бурдан ба салиб. Ва Исои Масеҳ паёмбаре ҳамчун соири паёмбарони бузурги Худо буд, на Худо ва на писари Худо. Ва “фидо” ва қурбонӣ шудан, ба хотири гуноҳони дигарон, наметавонад матлабе мантиқӣ бошад ва ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст ва растгорӣ низ аз роҳи имон ва амали солеҳ муяссар мешавад.

Манбаъ: kemya.org

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамоиши мухолифин: Ҷанги Русия алайҳи Украина – ҷанги империалистӣ
Қазоқистон – дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ

Матолиби пурбоздид