Нигоҳе ба ҳадиси “Лавлока”

Фарҳанг

Нигоҳе ба ҳадиси “Лавлока”

Ба баҳонаи милоди босаодати ҳазрати Расули Акрам (с)

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳадиси маъруфе ҳаст, ки:

لَوْلاکَ لَمَا خَلَقْتُ الْأَفْلاکَ

“Эй Паёмабр! Агар ту намебудӣ, ҷаҳонро намеофаридем.”

Шуморе аз ҳадиспажӯҳон онро заъиф ва бархе мавзӯъаш донистаанд (мисли ҳадиспажӯҳи муосир Носируддини Албонӣ), вале шумори дигар аз ҳадиспажӯҳон саҳеҳаш донистаанд мисли Ҳоким дар “Мустадрак” (4/1583, ҳ.4228) ва Субкӣ дар “Шифоус-сиқом” (с.120) ва Самҳудӣ дар “Вафоул-вафо” (с.4). Албатта, бархе низ ҳарчанд ба лиҳози санад қабул надоштанд, вале аз назари маъно дуруст шумурдаанд мисли Мавлоно Алӣ Қорӣ (ба нақл аз “Кашфуш шубуҳотис суфия”, 1/177). Дайламӣ низ онро аз Ибни Аббос ба сурати марфуъ нақл карда.

Матни ҳадисе, ки Ҳоким, Байҳақӣ ва Ибни Асокир овардаанд ва Ҳоким дар “Мустадрак” саҳеҳаш донистааст, ба шарҳи зерин аст:

عَنْ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ رضی الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُوْلُ اللهِ (ص): لَمَّا اقْتَرَفَ آدَمُ الْخَطِیْئَةَ قَالَ: یَا رَبِّ، أَسْأَلُکَ بِحَقِّ مُحَمَّدٍ لِمَا غَفَرْتَ لِي. فَقَالَ اللهُ: یَا آدَمُ، وَکَیْفَ عَرَفْتَ مُحَمَّدًا وَلَمْ أَخْلُقْهُ؟ قَالَ: یَا رَبِّ، لِأَنَّکَ لَمَّا خَلَقْتَنِي بِیَدِکَ، وَ نَفَخْتَ فِيَّ مِنْ رُوْحِکَ، رَفَعْتُ رَأْسِي فَرَأَیْتُ عَلَی قَوَائِمِ الْعَرْشِ مَکْتُوْبًا: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، مُحَمَّدٌ رَسُوْلُ اللهِ، فَعَلِمْتُ أَنَّکَ لَمْ تُضِفْ إِلَی اسْمِکَ إِلَّا أَحَبَّ الْخَلْقِ إِلَیْکَ، فَقَالَ اللهُ: صَدَقْتَ یَا آدَمُ، إِنَّهُ لَأَحَبُّ الْخَلْقِ إِلَيَّ، اُدْعُنِي بِحَقِّهِ فَقَدْ غَفَرْتُ لَکَ، وَلَوْلَا مُحَمَّدٌ مَا خَلَقْتُکَ. رَوَاهُ الْحَاکِمُ وَالْبَیْهَقِيُّ وَابْنُ عَسَاکِرَ. وَقَالَ الْحَاکِمُ: هَذَا حَدِیْثٌ صَحِیْحُ الْإِسنَادِ

“Аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шудааст, ки Расул Акрам (с) фармуд: ҳангоме, ки аз ҳазрати Одам (а) хато сар зад, ӯ (дар боргоҳи илоҳӣ) арз кард: парвардигоро! Ба василаи Муҳаммад (с) аз ту мағфират мехоҳам. Худованди Мутаъол фармуд: эй Одам! Ту Муҳаммад (с)-ро чӣ тавр шинохтӣ, дар ҳоле, ки ман ҳанӯз ӯро халқ накардаам? Одам (а) арз кард: парвардигоро! Вақте маро бо дасти қудрати худ халқ кардӣ ва аз руҳи худ дар ман дамидӣ, ман сари худро баланд кардам ва бар сутунҳои арш дидам, ки навишта шудааст: “Ло илоҳа иллаллоҳу, Муҳаммадун расулуллоҳ”. Он гоҳ ман донистам, ки дар канори номи ту фақат номи касе метавонад бошад, ки дар махлуқот назди ту аз ҳама маҳбубтар бошад. Худованди Мутаъол фармуд: эй Одам! Он чи ту гуфтӣ, ҳақиқат дорад ва аз тамоми махлуқот ҳам ӯ (Муҳаммад) назди ман маҳбубтарин аст. Ва чун ту ба василаи ӯ (яъне ӯро васила қарор додӣ ва) аз ман мағфират талаб кардӣ, туро бахшидаам ва (бидон, ки) агар Муҳаммад (с) намебуд, пас туро ҳам халқ намекардам. (Ин ҳадисро Ҳоким, Байҳақӣ ва Ибни Асокир ривоят кардаанд, Ҳоким гуфтааст: санади ин ҳадис саҳеҳ аст.”

Ва агар бар фарз касе онро ба лиҳози санад носаҳеҳ шуморад, вале наметавонад аз назари маъно раддаш кунад. Тавзеҳ ин ки Худованд дар ояти 7 сураи Ҳуд мефармояд:

وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ فِى سِتَّةِ أَيَّامٍۢ وَكَانَ عَرْشُهُۥ عَلَى ٱلْمَآءِ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًۭا

“Ва ӯст он Худое, ки биёфарид осмонҳо ва заминро дар шаш бурҳа аз замон ва арши ӯ бар об қарор дошт, то шуморо биёзмояд, ки кадоминатон некӯкортаред…”

Бар асоси ин оят, офариниши ҷаҳон ба хотири вуҷуди инсон будааст. Ибни Арабӣ дар “Фусусул-ҳикам” мегӯяд:

فإنه به ينظر الحق إلى خلقه فيرحمهم فتم العالم بوجوده

“Бад-ин сон ҳазрати Ҳақ Таъоло бо чашми инсон ба офаридагон дарнигарист; пас ба онон раҳм овард. Аз ин рӯ, олам бо вуҷуди инсон комил шуд.”

Ин ки вуҷуди инсони комил иллати хилқати ҷаҳон будааст, тардиде дар он нест ва бо мабонии эътиқодӣ сазовор аст. Хитоби ҳадиси мазкур ба шахси Паёмбар (с) ба далели он аст, ки ҳақиқати эшон, комилтарин ва шарифтарини махлуқот будааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имом Ғаззолӣ ва Ибни Сино
Шаҳида дуктур Маҳсо Тоҳирӣ

Матолиби пурбоздид