Низоми мардумсолорӣ

Таърих

Низоми мардумсолорӣ

Оё медонем, низоми мардумсолорӣ (демукросӣ) барои нахустин бор кай ва дар куҷо барқарор шудааст?

Барои донистани ин воқеияти торихӣ, чандон ниёз ба заҳмат нест, кофист вожаи «миҳистон» (مهستان)-ро аз Донишномаи Википедия пайдо бикунед ва онро бихонед, ва ё дар бораи Меҳрдоди якум (маъруф ба Меҳрдоди бузург), шашумин шоҳи Эронзамин аз дудмони Ашкониён (Портҳо = Хуросониён), дар китобҳои торихӣ мутолеа бикунед.

Ба ҳар ҳол, ба сурати кӯтоҳ бароятон дар ин бора менависам:

Ба навиштаи торихнигорон, аз ҷумла муаррихони румӣ-юнонӣ ва арманӣ, Меҳрдоди якум 1-уми морси соли 173 пеш аз милод, дар гирдиҳамоии бузургони Эрон эълом кард, ки тасмим гирифтааст, кишвар дорои як қонуни асосӣ шавад, то ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳама дар он рӯшан бошад. Ин тасмими Меҳрдод мавриди таъйиди ҳозирон дар он гирдиҳамоӣ қарор гирифт ва Эрон дорои ду маҷлис (порлумон) шуд, ки маҷмӯи он дуро «Миҳистон» мегуфтанд (ба маънои бузург).

Тибқи ин қонуни асосӣ, интихоби валиаҳд аз миёни шоҳзодагон, эълони ҷанг ва пешниҳоди сулҳ, басиҷи нерӯ, азли шоҳ дар сурати девона шудан ва ё беморӣ, таъйини миқдори молиёт, судури дастури зарби сикка бо тасвири тоза, таъйини шоҳони Арманистон ва шоҳони порситабор (аз дудмони Ҳахоманишиён)-и сарзамини Петус (минтақаи соҳилии ҷануб ва ҷануби шарқии дарёи Сиёҳ дар Онотулӣ ба пойтахтии шаҳри Синуп) ва ҳамчунин интисоби фармондеҳи кулли артиш барои як давраи муайян ва ё мудирияти ҷанг… аз ҷумлаи ихтиёроти Миҳистон буд.

Миҳистон дар мавориди мутаъаддиде шоҳони ашкониро ҷобаҷо кард ва дар айни ҳол, ҳомии суннатҳои бумии манотиқи мухталифи Эрон буд. Дар Миҳистон садои ҳамаи ақвоми эронӣ шунида мешуд.

Дар даврони Ашкониён (Портиён), ки алоқаманд ба андешаҳои фалосифаи бузурге назири Оршит ва бону Верто буданд (гуфтанист, ҳамзамон бо Суқрот, Афлотун ва Арасту дар Юнон, Оршит ва бону Верто аз фалосифаи бузурги Эрон ва Порт буданд), Меҳрдоди якум бар асоси таъолими ин ду файласуф, мардумсолориро дар Эрон ба шакле навин пиёда кард. Ба илова, дар ин давра вилоятҳои дурдасте мисли Арманистон ва Петус худмухтор буданд ва бинобар ин, эҷоб мекард, ки Миҳистон вуҷуд дошта бошад, то сухани онҳо низ дар онҷо шунида шавад.

Юнон ва Рум дар он замон дар дасти фармондеҳони низомӣ даст ба даст мешуд. Ҷолиб аст бидонем, ки муаррихони итолиёӣ саъй мекунанд, ба дурӯғ Миҳистони Эронро иқтибоси эрониён аз румиён бихонанд, ҳол он ки ҳангоми эҷоди Миҳистон (173 сол пеш аз милод, яъне 2181 сол пеш) ҳанӯз давлати Рум бо Эрон ҳамсоя нашуда буд ва даврони навзодии хешро тай мекард. Дар он замон бақоёи искандариён бар манотиқи юнонинишин ва Миср ҳукумат меронданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андалус
Риояти ҳуқуқи башар дар паймонномаи Паёмбар (с) бо масеҳиён

Матолиби пурбоздид