Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – II

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – II

Бахши дуввум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Пешгуфтор

* Мушкили ҷаҳонии равобити хонаводагӣ

* Мустақил бошем ё аз ғарб тақлид кунем?

* Ҷабри таърих

* Мо ва Қонуни асосӣ

* Авотифи мазҳабии ҷомеаи эронӣ

Хушвақтам, ки маҷаллаи “Зани рӯз” дархости маро роҷеъ ба баҳс дар бораи пешниҳодҳои 40-гонаи он маҷалла барои тағйири маводди қонуни мадании Эрон дар масоили марбут ба умури хонаводагӣ пазируфт ва дар шумораи пеш омодагии худро барои дарҷи ин силсиламақолот зимни нашри номаи инҷониб эълом кард.

Ман ин фурсатро муғтанам мешуморам, ки ба ин васила гӯшае аз фалсафаи иҷтимоии исломро бо ҷавонон дар миён мегузорам.

Умедворам битавонам зеҳни онҳоро дар бораи масоили марбут ба равобити хонаводагӣ аз назари ислом равшан кунам.

Ҳамон тавре, ки дар номаи худам мутазаккир шудам, ман намехоҳам аз қонуни маданӣ дифоъ кунам ва онро комилу ҷомеъ ва сад дар сад мунтабиқ бо қонунҳои исломӣ ва мавозини саҳеҳи иҷтимоӣ муаррифӣ кунам; шояд худи ман ҳам эродҳое ба он дошта бошам; ва ҳам намехоҳам равишеро, ки дар миёни аксарияти мардуми мо маъмул буда саҳеҳ ва мунтабиқ бо адолат бидонам. Баръакс, ман ҳам ба вузуҳ беназмиҳо ва нобасомониҳое дар равобити хонаводагӣ мушоҳида мекунам ва мӯътақидам бояд ислоҳоти асосӣ дар ин замина ба амал ояд.

Аммо бар хилофи касоне назири нависандагони китоби “Интиқод бар қонунҳои асосӣ ва мадании Эрон” ва китоби “Паймони муқаддас ё мисоқи издивоҷ”, мардони эрониро сад дар сад табриа намекунам ва онҳоро бетақсир муаррифӣ наменамоям ва тамоми гуноҳонро ба гардани қонуни маданӣ намеандозам ва гуноҳи қонуни маданиро табаъият аз фиқҳи ислом намедонам ва ягона роҳи ислоҳро тағйири маводди қонуни маданӣ намешиносам. Ман он идда аз қонунҳои исломиро, ки марбут ба ҳуқуқи завҷайн ва равобити онҳо бо якдигар ё фарзандон ё афроди хориҷ аст ва рӯйи онҳо ангушт гузошта шуда ва пешниҳод барои тағйири онҳо дода шудааст, як-як дар ин силсиламақолот матраҳ мекунам ва собит мекунам, ки ин қонунҳо бо мулоҳизоти дақиқи равонӣ ва табиӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ аст ва ҳайсият ва шарофати инсонии зану мард мутасовиян дар онҳо малҳуз шудааст ва дар сурати амал ва ҳусни иҷро беҳтарин зомини ҳусни равобити хонаводагӣ аст.

Аз хонандагони мӯҳтарам иҷоза мехоҳам, пеш аз вуруд дар масоили мавриди назар, чанд нуктаро бо онҳо дар миён бигузорам:

Мушкили ҷаҳонии равобити хонаводагӣ

  1. Мушкили равобити хонаводагӣ дар асри мо на ончунон саҳлу содда аст, ки битавон бо пур кардани купон аз тарафи писарон ва духтарон ё ташкили семинарҳое аз навъи семинарҳое, ки дидем ва шунидем, ки дар чӣ сатҳи фикрӣ аст, онро ҳал кард ва на махсуси кишвар ва мамалакати мост ва на дигарон онро ҳал кардаанд ва ё муддаии ҳалли воқеии он ҳастанд.

Уилям Дюрант, файласуф ва нависандаи маъруфи “Таърихи тамаддун” мегӯяд:

“Агар фарз кунем, дар соли 2000 ҳастем ва бихоҳем бидонем, ки бузургтарин ҳодисаи рубъи аввали қарни 20-ум чӣ будааст, мутаваҷҷеҳ хоҳем шуд, ки ин ҳодиса, ҷанг ва ё инқилоби Русия набудааст, балки ҳамоно дигаргунии вазъи занон будааст. Таърих чунин тағйири такондиҳандае дар муддате ба ин кӯтоҳӣ, камтар дидааст ва хонаи муқаддас, ки пояи назми иҷтимоии мо буд, шеваи заношӯӣ, ки монеъи шаҳватронӣ ва нопойдории вазъи инсон буд, қонуни ахлоқии печидае, ки моро аз таваҳҳуш ба тамаддун ва одоби муошарат расонда буд, ҳама ошкоро дар ин интиқоли пурошӯбе, ки ҳамаи русум ва ашколи зиндагӣ ва тафаккури моро фаро гирифтааст, гирифтор гаштаанд.“

Акнун низ, ки мо дар рубъи севвуми қарни 20-ум ба сар мебарем, нолаи мутафаккирони ғарбӣ аз баҳам хӯрдани назми хонаводагӣ ва суст шудани пояи издивоҷ, аз шона холӣ кардани ҷавонон аз қабули масъулияти издивоҷ, аз манфур шудани модарӣ, аз коҳиши алоқаи падару модар ва бахусус алоқаи модар нисбат ба фарзандон, аз ибтизоли зани дунёи имрӯз ва ҷонишин шудани ҳавасҳои сатҳӣ ба ҷойи ишқ, аз афзоиши доими талоқ, аз зиёдии сарсомовари фарзандони номашрӯъ, аз нодирулвуҷуд шудани ваҳдат ва самимият миёни завҷайн, беш аз пеш ба гӯш мерасад.

Мустақил бошем ё аз ғарб тақлид кунем?

Мӯҷиби таассуф аст, ки гурӯҳе аз бехабарон мепиндоранд масоили марбут ба равобити хонаводагӣ назири масоили марбут ба роҳнамоӣ, токсиронӣ, автобусронӣ, лӯлакашӣ ва барқ, солҳост, ки дар миёни урупоиён ба наҳви аҳсан ҳал шуда ва ин мо ҳастем, ки арза ва лиёқат надоштаем ва бояд ҳар чи зудтар аз онҳо тақлид ва пайравӣ кунем.

Ин, пиндори маҳз аст. Онҳо аз мо дар ин масоил бечоратар ва гирифтортар ва фарёди фарзонгонашон баландтар аст. Аз масоили марбут ба дарсу таҳсили зан, ки бигзарем, дар соири масоил хеле аз мо гирифтортаранд ва аз саодати хонаводагии камтаре бархӯрдор мебошанд.

Ҷабри таърих

Баъзе дигар тасаввури дигаре доранд; тасаввур мекунанд, ки сустии назми хонаводагӣ ва роҳ ёфтани фасод дар он, маълули озодии зан аст ва озодии зан натиҷаи қаҳри зиндагии санъатӣ ва пешрафти илм ва тамаддун аст; ҷабри таърих аст ва чорае нест аз ин ки ба ин фасод ва беназмӣ тан диҳем ва аз он саодати хонаводагӣ, ки дар қадим буд, барои ҳамеша чашм бипӯшем.

Агар инчунин фикр кунем, бисёр сатҳӣ ва ношиёна фикр кардаем. Қабул дорам, ки зиндагии санъатӣ хоҳ нохоҳ бар рӯйи равобити хонаводагӣ асар гузошта ва мегузорад, вале омили умдаи аз ҳам гусехтагии назми хонаводагӣ дар Урупо, ду чизи дигар аст:

Яке, русум ва одот ва қонунҳои золимона ва ҷоҳилонае, ки қабл аз ин қарн дар миёни онҳо дар бораи зан ҷорӣ ва ҳоким будааст, то он ҷо, ки зан барои аввалин бор дар қарни 19-ум ва аввалҳои қарни 20-ум дар Урупо дорои ҳаққи моликият шуд.

Дигар ин ки касоне, ки ба фикри ислоҳи авзоъ ва аҳволи занон афтоданд, аз ҳамон роҳе рафтанд, ки баъзе аз муддаиёни равшанфикрии имрӯзи мо мераванд ва маводди пешниҳодии 40-гона яке аз мазоҳири он аст; хостанд абрӯи зани бечораро ислоҳ кунанд, чашмашро кӯр карданд.

Беш аз он ки зиндагии санъатӣ масъули ин ошуфтагӣ ва беназмӣ бошад, он қонунҳои қадимии мутақаддимони Урупо ва ислоҳоти ҷадиди мутаҷаддидонашон масъул аст. Аз ин рӯ, барои мо мардуми мусалмони Машриқзамин ҳеч зарурати иҷтинобнопазире нест, ки аз ҳар роҳе, ки онҳо рафтаанд биравем ва дар ҳар манҷалобе, ки онҳо фурӯ рафтаанд фурӯ равем. Мо бояд ба зиндагии ғарбӣ, ҳушёрона бингарем. Зимни истифода ва иқтибоси улум ва санойеъ ва техник ва порае муқаррароти иҷтимоии қобили таҳсин ва тақлиди онҳо, бояд аз ахз ва тақлиди русум ва одот ва қонунҳое, ки барои худи онҳо ҳазорон бадбахтӣ ба вуҷуд овардааст — ки тағйири қонунҳои мадании Эрон ва равобити хонаводагӣ ва татбиқи он бо қонунҳои урупоӣ яке аз онҳост — парҳез намоем.

Мо ва Қонуни асосӣ

  1. Сарфи назар аз ин ки ин пешниҳодҳо хонумонбарандоз ва мухолифи муқтазаёти равонӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ аст — чунонки баъдан тавзеҳ дода хоҳад шуд — аз назари интибоқ бо Қонуни асосӣ чӣ фикре шудааст? Аз тарафе Қонуни асосӣ тасреҳ мекунад, ҳар қонуне, ки мухолифи қонунҳои исломӣ бошад, “қонуният” надорад ва қобили тарҳ дар маҷлисайн (палати боло ва пойини порлумон) нест. Аз тарафи дигар, бештари маводди ин пешниҳодҳо мухолифи сареҳи қонуни ислом аст. Оё худи мағрибзаминиҳо, ки ғарбзадагони мо инчунин кӯр-кӯрона аз онҳо пайравӣ мекунанд, Қонуни асосии кишварашонро ин тавр бозича қарор медиҳанд?

Сарфи назар аз дин, худи қонуни асосии ҳар кишваре барои афроди он кишвар муқаддас аст. Қонуни асосии Эрон низ мавриди эҳтироми қотибаи миллати Эрон аст. Оё бо семинарҳои казоӣ ва чопи купон ва қиёму қуъуди намояндагон метавон Қонуни асосиро зер по гузошт?

Авотифи мазҳабии ҷомеаи эронӣ

  1. Аз айбҳои пешниҳодҳо ва аз мухолифати сареҳи онҳо бо Қонуни асосӣ чашм мепӯшем.

Ҳар чизро агар инкор кунем, ин қобили инкор нест, ки алъон ҳам нерӯмандтарин отифае, ки бар руҳияи миллати Эрон ҳукумат мекунад, отифаи мазҳабии исломӣ аст. Бигузарем аз иддаи бисёр маъдуде, ки қайди ҳама чизро задаанд ва аз ҳар бебандуборӣ ва ҳарҷу марҷ тарафдорӣ мекунанд, аксарияти қариб ба иттифоқи ин мардум побанди муқаррароти динӣ мебошанд.

Таҳсилу дарсхондагӣ бар хилофи пешбиниҳое, ки аз тарафи иддае мешуд, натавонист миёни ин миллат ва ислом ҷудоӣ биандозад. Баръакс, бо ин ки таблиғоти исломии саҳеҳ кам аст ва ба илова таблиғоти истеъмории зиддимазҳаб зиёд аст, дарсхондагон ва таҳсилкардагон ба наҳви рӯзафзуне ба сӯйи ислом гароиш пайдо кардаанд.

Акнун мепурсам, ин қонунҳо бо ин заминаи равонӣ, ки хоҳ нохоҳ вуҷуд дорад, чӣ гуна созгор мешавад? Яъне вақте қонуни урф мутобиқат бо ҳукми сареҳи шаръи ислом надошта бошад, чӣ гуна натиҷае гирифта мешавад?

Фарз кунед, зане дар асари ихтилофҳо ва асабониятҳо ба маҳкама руҷӯъ кард ва алорағми ризои шавҳар, ҳукми талоқаш содир шуд ва сипас ба ақди издивоҷи марди дигаре даромад. Ин зану шавҳари ҷадид дар айни ин ки худро ба ҳукми қонуни урф, зану шавҳар медонанд, дар умқи виҷдони динии худ, худро аҷнабӣ ва бегона ва омезиши худро номашрӯъ ва фарзандони худро зинозода ва худро аз назари динӣ мустаҳиққи эъдом медонанд.

Дар ин ҳол фикр кунед чӣ вазъи нороҳаткунандае аз назари равонӣ барои онҳо пеш хоҳад омад; дӯстон ва хешовандони мазҳабии онҳо бо чӣ чашме ба онҳо ва фарзандони онҳо нигоҳ хоҳанд кард? Мо, ки наметавонем бо тағйир ва вазъи қонун, виҷдони мазҳабии мардумро тағйир бидиҳем. Мутаассифона ё хушбахтона виҷдони аксарияти қариб ба иттифоқи ин мардум аз отифаи мазҳабӣ фориғ нест.

Шумо агар мутахассиси ҳуқуқӣ ва равонӣ аз хориҷ биёваред ва мушовара кунед ва бигӯед, мо чунин қонунҳое мехоҳем вазъ кунем, аммо заминаи равонии аксарияти мардуми мо ин аст ва ин, бибинед оё дар ҳамчу заминае назари мувофиқ хоҳад дод? Оё нахоҳад гуфт, ин кор ҳазорон нороҳатиҳои руҳӣ ва иҷтимоӣ тавлид мекунад?

Муқоисаи ингуна қонунҳо бо қонунҳои ҷазоӣ аз лиҳози мизони осори суе, ки ба бор меоварад, бисёр ғалат аст. Тафовут миёни онҳо аз замин то осмон аст. Зарбае, ки аз ноҳияи тағйир ва таътили қонунҳои ҷазоӣ ворид мешавад, мутаваҷҷеҳи иҷтимоъ аст ва фақат афроди мунҳарифро ҷарӣ мекунад, аммо қонунҳои марбут ба равобити завҷайн ва авлодӣ, ба зиндагии хусусӣ ва фардии афрод марбут аст ва мустақиман бо отифаи мазҳабии шахсии ҳар фард дар ҷанг аст. Ингуна қонунҳо ё дар асари нуфузи мазҳаб ва ғалабаи виҷдон, беасар ва билоамал мемонад ва хоҳ нохоҳ нороҳатиҳое, ки ингуна қонунҳо эҷод мекунад, мӯҷиб хоҳад шуд, ки ин қонунҳо расман лағв гардад ва ё пас аз кашмакаши равонии ҷонкоҳе нерӯи мазҳабиро тазъиф мекунад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диндории ҷоҳилона
Ҳамлаи Исроил ба Зайнабияи Димишқ

Матолиби пурбоздид