Ниёиш

Фарҳанг

Ниёиш

Дуои рӯзи Ҷумъа

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ба номи Худо, ки раҳматаш бисёр ва меҳрубонияш ҳамешагист.

Ситоиш Худоро, ки оғози ҳастӣ аст, пеш аз офариниш ва ҳаётбахшӣ ва поёни ҳастӣ аст, пас аз нобудии ҳама чиз;

Доное, ки аз ёд набарад онро, ки ёдаш кунад ва кам нагузорад аз он ки шукрашро ба ҷой оварад ва ноумед насозад онро, ки бихонадаш ва қатъ накунад умеди он ки ба ӯ умед баст;

Худоё, туро гувоҳ мегирам ва ту барои гувоҳӣ кофӣ ҳастӣ ва гувоҳ мегирам ҳамаи фариштагонат ва сокинони осмонҳоят ва нигаҳбонони аршат ва расулону паёмбаронеро, ки барангехтӣ ва анвои офаридаҳоеро, ки офаридӣ бар ин ки бовар дорам, ки ҳамоно туӣ Худо ва шоистаи парастиш ҷуз ту нест;

Ягонаӣ, шарике надорӣ ва беҳамтоӣ ва ихтилоф ва тафовуте ва тағйире дар гуфторат нест ва ин ки Муҳаммад, ки Худо бар ӯ ва хонадони ӯ дуруд фиристад, банда ва фиристодаи туст; рисолатеро, ки бар ӯҳдааш ниҳода будӣ ба бандагонат расонд ва дар роҳ Худои Азза ва Ҷалла ҷиҳод кард, онгуна ки шоистаи ҷиҳод буд ва ба подоше, ки ҳақ аст мужда дод ва аз азобе, ки рост аст бим дод.

Худоё, то зиндаам маро бар дини худ собит бидор ва диламро пас аз он ки ба нури ҳидоят равшан кардӣ моил ба ботил макун ва аз назди худ раҳмате бар ман бибахш, чун танҳо ту бахшояндаӣ!

Ва бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд фирист ва маро аз пайравони ростини эшон бигардон ва дар гурӯҳи ӯ маҳшурам гардон!

Ва бар анҷоми фарзи ҷумъаҳо ва тоатҳое, ки дар он бар ман лозим кардӣ, тавфиқам деҳ ва атое, ки дар растохез барои аҳли ҷумъа гардондаӣ, насибам гардон, чун дар ҳақиқат ту қудратманди ҳакимӣ.

Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири Украина дар Англия: “Ҷанги ҷаҳонии севвум расман оғоз шудааст”
Русия мушаки қорапаймо ба самти Украина партоб кард

Матолиби пурбоздид