Новшикани амрикоӣ дар баҳри Сурх ҳадафи ҳамла қарор гирифт

Новшикани амрикоӣ дар баҳри Сурх ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Ахбори байналмилал
Daily Mail
Вазорати дифои Амрико: Новшикан (эсминец)-и “Карни” дар баҳри Сурх ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифт
Ба гузориши Daily Mail, як мақоми Вазорати дифоъи Омрико рӯзи якшанбе (3 декабр) хабар дод, ки новшикан (эсминец)-и “Карни” ҳангоми убур аз баҳри Сурх, ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифтааст.
Мақоми Вазорати дифои Амрико рӯзи якшанбе (3-декабр) дар гуфтугӯ бо Алҷазира низ хабар дод, ки новшикани амрикоии “Карни” ҳангоми убур аз баҳри Сурх, ҳадафи ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ қарор гирифтааст.
Вай ҳамчунин афзуд, ки теъдоде киштии дигар низ дар баҳри Сурх ҳадафи ҳамалот қарор гирифтааст.
Ин мақоми Пентогун гуфт, ки ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ ба новшикани “Карни” талафот ё хисоратҳои моддӣ ба ҳамроҳ надоштааст.
Вай муддаӣ шуд, ки новшикани “Карни” дар ҳоли посухгӯӣ ба паёми кӯмаки як киштии тиҷорӣ дар баҳри Сурх буда, ки ҳадафи ин ҳамалот қарор гирифта, аммо тавонист бо мушакҳо ва паҳподҳо муқобила кунад.
Мақомҳои яманӣ то кунун изҳор назаре дар бораи иддаои Пентогун мабнӣ бар ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ ба ин новшикан анҷом надода ва ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.
Daily Mail
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ду киштии исроилӣ мавриди ҳадафи яманиҳо қарор гирифт
Идомаи хурӯши покистониҳо дар ҳимоят аз Фаластин

Матолиби пурбоздид