Номовари ношинохта
Машоҳир ва номоварон
Чӣ қадр ин мард ношинохта аст!
Вақте Мавлоноро таърифу тавсиф мекунед, баъзеҳо чи басо фикр кунанд шумо доред муболиға мекунед, чун ҳаммиҳанатон аст ва ҳар инсоне табиатан ҳаммиҳани худашро боло бармедорад.
Аммо чунин нест. Чаро? Ҳоло далелашро арз мекунам.
Агар касе бо афкори андешмандони ҷаҳон, бахусус андешмандон ва фалосифаи ғарбӣ ошно бошад ва бо андешаҳои Мавлоно низ ошноӣ дошта бошад, вақте ин дуро бо ҳам муқоиса мекунад, мебинад, чӣ қадр Мавлоно ҷилав аст, хусусан вақте мутаваҷҷеҳ мешавед, ки Мавлоно ҳудуди 600-700 сол аз онҳо ҷилавтар будааст.
Ҳоло фақат як намунаашро зикр кунам, намунаҳояш зиёд аст, аммо ҳоло танҳо як намуна зикр мекунам:
Ва он ин аст: касоне, ки бо фалсафаи ғарб ошно ҳастанд, хусусан фалсафаи ғарб дар қарни 19 ва 20, медонанд, ки яке аз охирин мактабҳои фикрӣ ва фалсафӣ, ин фалсафаи экзистенсиализм (еxistentialism) аст. Феълан бино надорам дар бораи ҳамаи он чи ин мактаб мегӯяд баҳс кунам, ҷояш ин ҷо нест, фақат як андешаи онҳоро – ки фалосифаи экзистенсиал ба он бисёр меболанд – ва дуруст ҳам ҳаст, зикр кунам.
Мегӯянд, инсон ин нест, ки то кунун фалосифа гуфта омадаанд, хусусан арастуиҳо, ки инсон яъне “ҳайвони нотиқ”. Тибқи ин таъриф, миёни Ҳитлер ва Гондӣ масалан, ба лиҳози инсоният тафовуте вуҷуд надорад; танҳо ин ки Ҳитлер инсоне бад аст, вале Гондӣ инсоне хуб, вагарна дар инсоният бо ҳам фарқе надоранд. Экзистенсиалистҳо аммо мӯътақиданд, инсонҳо дорои як моҳияти воҳид ва мушаххас нестанд, балки мухталифанд ва таърифи як ҳар мухталиф аст аз таърифи дигаре. Ва ба гуфтаи худашон, “Инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳи худ, ба худ моҳият мебахшад.” Аз назари онҳо, инсон яъне мавҷуде, ки дорои чунину чунон андеша ва фикр аст, Ҳитлер бо Гондӣ масалан, ҳарчанд дар зоҳир дорои ду по ва ду даст ҳастанд, аммо ду моҳияти мухталифанд, ки бо ҳам ҳеч ваҷҳи муштараке надоранд.
Хуб, фалосифаи экзистенсиал хеле ба ин андеша меболанд.
Ҳоло бибинед Мавлоно чӣ мегӯяд, он ҳам дар 600-700 сол пеш.
Агар аз Мавлоно бипурсем, ки инсон чист, оё хоҳад гуфт, инсон яъне ҳамин мавҷуде, ки мехӯрад, меошомад ва мехобад дуруст мисли соири ҳайвонот, фақат бо ин тафовут, ки инсон аз нерӯи ақл ҳам бархӯрдор аст, “ҳайвони нотиқ” ба истилоҳ?
Мавлоно мегӯяд, барои ҳамаи инсонҳо наметавон як таърифи мушаххас пайдо кард. Ҳар касе барои худаш як таърифи хоссе дорад. Таъриф аз инсоне ба номи Фиръавн масалан, ғайр аз он таърифе аст, ки аз шахсияте мисли Мӯсо (а) мешавад. Ба сухани дигар, аз назари Мавлоно, одамҳо дорои як моҳияти муштарак нестанд, ки битавон таърифе ҷомеъ барояшон пайдо кард; бар хилофи соири мавҷудот мисли “дарахт” ё “саг” ва ё “санг”, ки дорои моҳияти муштарак ҳастанд. Як саг аз ҳамон ибтидои ба дунё омадан, як саг аст. Як дарахт аз ибтидо як дарахт аст. Аммо инсон чунин нест.
Агар аз Мавлоно бипурсед: ман чистам? Посух медиҳад: ту ба ман бигӯ дар бораи чӣ меандешӣ, то бигӯям чистӣ. Агар дар бораи ҳақиқат меандешӣ, ту ҳақиқатӣ, агар дар бораи Худо меандешӣ, ту мисоли Худо ҳастӣ. Аммо агар дар бораи коре меандешӣ, ки кори як саг аст, ту саг ҳастӣ. Агар фикрат фақат хӯрдану ошомидану омезиш кардан бошад, ту як ҳайвон ҳастӣ:
Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ
В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.
Дар Девони Шамс низ дар рубоъие мегӯяд:
То дар талаби гавҳари конӣ, конӣ
То дар ҳаваси луқмаи нонӣ, нонӣ
Яъне ту агар дар ҷустуҷӯи як маъдани заминӣ ва як ҷамод ҳастӣ, ҷамодӣ ва агар фикрат фақат сер кардани шикам бошад, ту ҳамон чизе ҳастӣ, ки вориди шикамат мешавад, яъне нон масалан.
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ.
Яъне ҳар чиро ҷустуҷӯ мекунӣ, ту ҳамон ҳастӣ.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













