Нӯҳ супориш
Сабки зиндагӣ
Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:
“Парвардигорам нӯҳ чизро ба ман суфориш фармуда:
— тарс аз Худо дар ниҳону ошкор;
— сухани адл (яъне боинсоф будан) дар хашму хушнудӣ;
— миёнаҳол будан дар надориву дороӣ;
— робита кардан бо касе, ки бо ман қатъи робита карда;
— атову бахшиш ба касе, ки маро маҳрум сохта;
— афву гузашт нисбат ба касе, ки ба ман ситам карда;
— ин ки сукутам ҳамроҳ бо тафаккур бошад;
— нутқам ҳамроҳ бо зикри Худо бошад;
— нигоҳам барои ибрат бошад;
— ва ба некӣ дастур бидиҳам.”
(Ҷомеъ-ул-усул, ривояти Абӯҳурайра)
Қаламонлайн