Одоти биҳиштиён

Одоти биҳиштиён

Ин чанд дастури ахлоқиро агар анҷом диҳед, дохили биҳишт хоҳед шуд.

Паёмбар Акрам (с) фармоянд:

يا أيها الناس: أفشوا السلام، وأطعموا الطعام، وصِلُوا الأرحام، وصلّوا بالليل والناس نيام، تدخلوا الجنة بسلام

“Эй мардум!

  1. Ба якдигар салом диҳед (ва бо садои баланд);
  2. Ба мардум таом диҳед ва шикамҳои гуруснаро сер кунед;
  3. Дар пайванд бо хешовандони худ бикӯшед (силаи раҳм);
  4. Ҳангоме ки мардум (наздикон ва зану бачаи шумо) дар хобанд, шумо аз хоб бархезед ва намози шаб бихонед.

Ин чанд дастури ахлоқиро агар анҷом диҳед, бо саломатӣ ва лутфи Худованди Мутаол дохили биҳишт хоҳед шуд”.

(Ривояти Тирмизӣ, Аҳмад ва Ҳоким)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Манзараҳои зебои Тоҷикистон
Рӯзона ҳалокати 500 нафар дар Амрико ба далели фақру тангдастӣ

Матолиби пурбоздид