Озодии кӯдак дар фазои хонавода
Сабки зиндагӣ
Мабоҳиси озодии кӯдак дар хонавода ба чӣ маъност?
Озодии кӯдак дар хонавода ба маънои доштани ҳаққи интихоб дар амал ва фикр кардан аст.
Хонаводаҳои бисёр маҳдудкунанда ва бисёр осонгир дер ё зуд бо мушкилоти гуногуне рӯбарӯ мешаванд.
Эътиёди фарзанд ба маводди мухаддир, дӯстони нобоб, танбалӣ, бемасъулиятӣ, пархошгарӣ ва ақиб мондан дар таҳсилот ва дарс аз ҷумла масоилест, ки фарзандони ин хонаводаҳоро дучори чолиш мекунад.
Огоҳӣ аз ниёзҳои фарзандон ва маҳдудаи озодии онон дар ҳар синне метавонад барои пеш гирифтани як равиши муносиб ба падару модарон кумак кунад.
Бо вуруди фарзандон ба синни навҷавонӣ, ба тадриҷ хостаҳои онҳо барои истиқлол ва озодӣ бештар мешавад ва дар баробари ин, нигаронии падару модарон низ ҳар рӯз бештар шуда ва мумкин аст барои мудирияти шароит, табдил ба волидайни сахтгир шаванд. Агар ин раванд идома пайдо кунад, самимият бо фарзандон коҳиш меёбад.
Баъзе аз падару модарон бо маҳрум сохтани фарзандони худ аз озодиҳои бештар, фикр мекунанд, ки тавонистаанд онҳоро аз осебҳо эмин кардаанд.
Навҷавон барои дастёбӣ ба истиқлол, таваҷҷӯҳе ба ҳарфҳои падару модар намекунад. Бо онҳо баҳс мекунад ва интизороти нашуданӣ аз падару модар дорад.
Ин гуна волидайн дар зоҳир муроқиби саломати ҷисмонӣ ва равонии фарзандони худ ҳастанд, аммо дар ҳақиқат, навҷавони худро дар баробари кучактарин ҳаводис, ба шиддат осебпазир мекунанд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: