Омодагии Ӯзбекистон барои фатҳи кайҳон
Ахбори минтақа
Ӯзбекистон қасд дорад, аввалин кайҳоннаварди худро ба кайҳон фиристад
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар зимни ироаи паёми худ ба парлумони ин кишвар хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, бори аввал дар таърихи Ӯзбекистони мустақил омодагӣ барои ба кайҳон баровардани моҳвораи маснуӣ ва фиристодани нахустин кайҳоннаварди ӯзбек, ки шаҳрванди ин кишвар бошад, оғоз гардидааст.
“Бовар дорам, ин иқдом ба рушди илм ва фанноварии Ӯзбекистони тозабунёд такони ҷиддӣ мебахшад ва рушди кишварро ба марҳилаи тоза мебарорад”, – гуфтааст Мирзиёев.
Амо ӯ нагуфтааст, ки иқдоми мазкур кай амалӣ хоҳад шуд.
Мирзиёев қаблан рӯзи 1-уми декабр низ дар ҷаласае таҳияи моҳвораи маснуии “Samarqand-2028”-ро баррасӣ карда буд. Гуфта мешуд, ки барои он акнун модули ҳуши маснуӣ таҳия хоҳад шуд.
“Тасвирҳои гирифтаи моҳвора метавонанд барои арзёбии ибтидоии сифати ҳаво, арзёбии зироатҳои кишварзӣ ва ҷангалҳо истифода шаванд”, – гуфтааст роҳбари Ӯзбекистон.
Қаламонлайн
qalamonline.net













