Омори захмиҳои ҷанги Ғазза шикаст
Ахбори байналмилал
Haaretz
Телавив сукуташро дар бораи омору арқоми захмиҳои ҷанги Ғазза шикаст
Рӯзномаи исроилии Haaretz дар гузорише навишт, ки артиши Исроил пас аз ҳафтаҳо худдорӣ аз ифшои омори захмиҳои худ дар набарди заминӣ бо навори Ғазза, теъдоди онҳоро ба мизони ҷароҳатҳои ворида фош кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз ин рӯзномаи исроилӣ, артиши режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки теъдоди захмиҳояш дар Ғазза аз 1000 низомӣ гузашта ва ҳоли 202 нафар аз онҳоро, ки ҷароҳатҳои шадид бардоштаанд бӯҳронӣ тавсиф кард.
Тибқи арқоми фошшудаи артиши режими саҳюнистӣ аз мизони захмиҳо, 320 нафар аз онҳо ҷароҳатҳои мутавассит доранд ва 470 низомии дигари исроилӣ низ, дорои ҷароҳатҳои ҷузъӣ ҳастанд.
Рӯзнома Haaretz дар идомаи гузоришаш аз ин омор, бо таъкид бар ин ки артиши Телавив “ҳамчунон аз интишори теъдоди маҷрӯҳон ва вазъияти онҳо тавассути бемористонҳо ва манобеъи пизишкӣ ҷилавгирӣ мекунад”, навишт: “Гуфта мешавад, ки аз миёни захмиҳои бо шароити вахим, танҳо 29 нафарашон дар бемористонҳо ҳастанд; иттилооте дар бораи сарнавишти захмиҳои бадҳоли дигар дар даст нест.”
Ин расонаи исроилӣ бо ташкик дар вазъияти соири захмиҳои артиши режими саҳюнистӣ, гузориш дод: “Аз миёни сарбозони бо ҷароҳатҳои мутавассит, фақат 183 нафар ва аз байни захмишудаҳои ҷузъӣ ҳам танҳо 74 нафар дар бемористонҳо таҳти дармон ҳастанд.”
Шабакаи 12 телевизиони Исроил ҳам шаби гузашта дар гузорише эълом кард, ки артиш, теъдоди 1210 маҷрӯҳи худ аз ибтидои ҳамлаи заминӣ ба навор Ғаззаро, ки тайи даргирӣ бо нерӯҳои Фаластин захмӣ шудаанд, ба унвони “сарбоз ва афсарони аз кор афтода” ҷо зад.
Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, пештар дар ин бора таъкид карда буд, ки тибқи иттилоот ва мушоҳадоти майдонии нерӯҳои Қассом, талафот дар саффи ишғолгарон бисёр бештар аз он чизе аст, ки Телавив эълом мекунад; омори воқеӣ ҳамаро шок хоҳад кард.
Артиши режими саҳюнистӣ ҳафтаи гузашта дар гузорише аз талафоти куллии худ аз ибтидои амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” то кунун, шумори низомиёни кушташудаашро 1400 нафар эълом карда буд, ки чанд рӯз баъд, 200 нафарро аз ин теъдод ҳазф кард.