Он садо шуниданӣ буд…

Таҳлили хабарӣ

Он садо шуниданӣ буд, на ин садо!

“Хонуми сухангӯ! Он садо шуниданӣ буд, на ин садо!”

Ёддошти Ҳусайни Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи Кайҳон (Эрон)

  1. Ҷон Соуэрс (John Sawers) мудири пешини MI6, шохаи иттилооти хориҷии Созмони иттилоотии Англис ва узви аршади тими Англис дар музокироти ҳастаӣ (1+5) мегӯяд: барои сомондиҳии гурӯҳҳои опозисиюн дар Эрон, бо мушкили бузурге рӯ ба рӯ ҳастем ва тавзеҳ медиҳад, ки мардуми Эрон Ҷумҳурии Исломиро баргирифта аз мабонии исломӣ ва эътиқодоти динии худ медонанд ва ба ҳамин иллат, гурӯҳҳои опозисиюнро душманони ислом медонанд. Ҷон Соуэрс сипас аз нокомии гурӯҳҳои опозисиюн дар тӯли чанд даҳа баъд аз Инқилоб ба унвони шоҳиди мисол ва таъйиди назари худ истифода мекунад.
  2. Дурустӣ ва воқеӣ будани дидгоҳи Ҷон Соуэрсро бо нигоҳе ба сарнавишти гурӯҳҳои зидди инқилоб низ ба вузуҳ метавон дид.

Ба баёни дигар, Ҷон Соуэрс шаққулқамар накардааст, балки аз як воқеияти маҳсусу малмус хабар додааст, ки соири душманони резу дурушти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба он ишора доштаанд. Истодагӣ ва муқовимати якпорчаи миллат дар бизангоҳҳо шоҳиди душмансӯзӣ дар ин замина аст, ки аз ҳамосаи 9 дей ва инсиҷоми мисолзадании миллат дар ҷараёни ҷанги 12 рӯза, метавон ба унвони фақат ду намуна ва андаке аз он бисёрҳо ёд кард.

  1. Рӯзи душанбе ва сешанбе, ҷамоате андак ва камшумор, ба баҳонаи мушкилоти иқтисодӣ, дар ду нуқтаи Теҳрон даст ба ошӯб заданд ва исрор доштанд бархе аз асноф ва мағозадоронро низ бо худ ҳамсӯ кунанд. Асноф аммо вақте шиорҳои дикташудаи режими саҳюнистӣ назири “На Ғазза, на Лубнон!”, “Мушакҳоро раҳо кун, фикри нону ҳаво кун!”-ро шуниданд, хеле зуд ба ҳувияти навкарҳои Исроил пай бурданд ва саффи худро аз онҳо ҷудо карданд. Дар ҳамон ҳол режими саҳюнистӣ бо баҳрагирӣ аз расонаҳои форсизабони худ аз як сӯ даст ба бузургнамоии ин гурӯҳ заданд ва аз сӯйи дигар, мақомот ва марокизи давлатии режими саҳюнистӣ (дақиқан монанди фитнаи омрикоӣ-исроилии 88) аз ошӯбгарон эъломи ҳимоят карданд.

Коноли форсизабони Мусод твит зада ва навиштааст: “Бо ҳам ба хиёбонҳо биёед. Вақташ расида. Мо ҳамроҳи шумо ҳастем. На танҳо аз роҳи дур, балки ҳамроҳатон ҳастем!”

Годбон (W. Gadban), мушовири намояндаи Исроил дар дафтари Созмони Милал дар твиите авомили худро ба ҳузур дар хиёбон даъват мекард.

Нафтоли Беннет, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ, дар мусоҳиба бо Wall Street Journal, хитоб ба навкарҳояш гуфт: шумо аз ҳимояти комили мо бархӯрдоред.

Чанд тан аз вузарои Натонёҳу низ – ингор маъмурият ёфта бошанд – ба ҳимоят аз ошӯбгарон пардохта ва махсусан исрор доштанд теъдоди онҳоро зиёд ҷилва диҳанд.

Ва аммо ошкортарин намуна, марбут ба шабакаи телевизиюнии мавсум ба Iran International аст (ки дар ҷанги Ғазза фош шуд мақарри он дар Телавив мебошад), ки мегӯяд: “Ба хиёбонҳо биёед, то Исроил битавонад роҳат ҳамлаи низомӣ алайҳи Эронро анҷом диҳад!” (Айни ҷумла аст).

Коноли 15 телевизиони режими саҳюнистӣ: “Исроил бояд эътирозот дар Эронро созмондиҳӣ ва ба ҷилав ҳидоят кунад, бояд аз ошӯб ҳимоят ва пуштибонӣ кунем!”

  1. Ва аммо дирӯз саркорхонум Муҳоҷиронӣ, сухангӯи мӯҳтарами давлат, дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Давлат эътирозотро ба расмият мешиносад ва таъкид мекунем ба ҳаққи таҷаммӯи мусолиматомезе, ки дар Қонуни асосии мо ба расмияти шинохта шудааст. Вақте садои мардум дармеояд, яъне фишорҳо сангин буда ва кори давлат ин аст, ки садоҳоро бишнавад. Бадеҳӣ аст, ки таварруми болои 50 дар садӣ садои мардумро дармеоварад.”

Кош ҷаноби эшон ба ду нукта тавваҷӯҳ мефармуданд:

Аввал он ки вақте ҳамаи аснод ва шавоҳид, аз вобастагии ҷамоати андаки ошӯбгарон ба режими саҳюнистӣ ҳикоят мекунад ва мушкилоти иқтисодӣ ҳатто дар шиорҳои онҳо низ дида намешавад, саркор хонуми сухангӯ аз кадом “эътирозот” сухан мегӯянд?! Асноф, ки пас аз иттилоъ аз ҳувияти воқеии навкарҳои Исроил по пас кашиданд. Куҷои ин ба қавли шумо эътирозоти шоистаи шунидан аст?! Онҳо аланан ва бо камоли вақоҳат, аз қотилони беш аз ҳазору як сад тан аз ҳамватанони мо ва шумо дифоъ кардаанд.

Дуввум: давлати мӯҳтарам ва масъулон ва мудирони иқтисодӣ бояд садои эътироз ва интиқоди дилсӯзони низом ва мардум дар бораи бетаваҷҷӯҳии дастандаркорони давлат ба маишати мардумро мешуниданд ва дар ҳоле, ки яксара дам аз вифоқ мезананд, лоақал ба тавсияҳои дилсӯзонаи соҳибназарон ва ибрози нигаронии мардум аз сахтии маишат тавваҷӯҳ мефармуданд. Ин садо шуниданӣ буд, ки мутаассифона нашунидед ва ё дасткам ин ки он гуна ки боиста буд, ба он тавваҷӯҳ накардед.

Манбаъ: Хабаргузории Форс farsnews

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин нажодпараст
Сингапур

Матолиби пурбоздид