Осиёи Марказӣ фурсате барои густариши манофеи иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон
Ахбори минтақа
Осиёи Марказӣ — фурсате барои Эрон дар густариши манофеи иқтисодию тиҷоратӣ дар шароити таҳримҳо
Расонаи қазоқистонӣ аз нақши ҳамкориҳои минтақавӣ дар коҳиши фишорҳои таҳримӣ бар Эрон гуфт
Остона. Як расонаи қазоқистонӣ дар пайи сафари расмии раиси ҷумҳури Эрон ба Қазоқистон навиштааст, ки Осиёи Марказӣ метавонад ба яке аз муҳимтарин фурсатҳои Эрон барои баҳрабардорӣ аз манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва убур аз маҳдудиятҳои ношӣ аз таҳримҳои Ғарб табдил ёбад.
Ба навиштаи ин расона, Эрон бо такя ба ҷойгоҳи геополитикӣ, зерсохтҳои транзитӣ ва имконоти ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қодир аст роҳҳои нави тиҷоратӣ ва молиявиро фаъол созад. Ин раванд, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад таъсири таҳримҳоро дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ коҳиш диҳад.
Гузориш таъкид мекунад, ки густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва логистика, ҳамчунин истифода аз долонҳои транзитии минтақавӣ, аз ҷумла масирҳои шарқ–ғарб ва шимол–ҷануб, барои Эрон ва кишварҳои минтақа судманд хоҳад буд.
Ба эътиқоди ин расонаи қазоқистонӣ, равобити рӯ ба рушди Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо дорои аҳамияти иқтисодӣ, балки дорои паёмадҳои муҳими геополитикӣ низ ҳаст ва метавонад ба мувозинати нав дар равобити минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат кунад.
Сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Қазоқистон дар ҳамин чорчӯб арзёбӣ шуда, коршиносон онро нишондиҳандаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Теҳрон ба таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраи таҳримҳо медонанд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













