Осиёи Миёна ва хатари гурӯҳҳои террористӣ аз марзҳои Афғонистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон, барои пешгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна зарурист.
Раҳмон дар конфронси ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ, бо ишора ба амният ва мудирияти марзҳо барои муқобила бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористӣ, бар зарурати эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон таъкид карду гуфт, гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон дар талоши убур аз марзҳо ҳастанд.
Ба гуфтаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоде аз террористон аз Ховари Миёна ба Афғонистон мунтақил мешаванд ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Миёна хоҳад буд.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн