Осори пешрафтҳои илмии мусалмонон бар Урупои қуруни вустоӣ

Фарҳанг

Осори пешрафтҳои илмии мусалмонон бар Урупои қуруни вустоӣ

Ислом аз дидгоҳи донишманони ғарбӣ

Колин Ренон менависад:

“Тамаддуни ислом ва ҷавомеи исломӣ аз қарни 7 то 12 мелодӣ дорои авҷи пешрафт ва тараққӣ дар анвои улуму фунун буд. Улуми таҷрибӣ — аъам аз пизишкӣ, шимӣ, физик, заминшиносӣ, зистшиносӣ ва гиёҳшиносӣ — дар авҷи худ буд ва бузургтарин донишмандон ва мубдеони ин илм дар густараи ҷаҳони ислом ба тадрис ва таълиф ва таҳқиқ дар ин улум иштиғол доштанд ва осори бузургеро ба арсаи тамаддун арза медоштанд ва ин донишҳоро ба тамоми ҳамсоягон ва ҷӯяндагони дониш, ки аз ҳар сарзамине ба ҳузури онҳо мерасиданд меомӯхтанд…”

(Таърихи илми Кембриҷ, тарҷумаи Ҳасани Афшор, с.317 ва 323)

“Аз кишварҳои урупоӣ донишҷӯёни зиёде дар Андалуси исломӣ ва Бағдод ва Рай ва ғайра… ба таҳсили улуму фунуни мухталиф иштиғол доштанд.

Ҷаҳони ғарб дар ин давраи дурахшони исломӣ гирифтори андешаи қуруни вусто ва таваҳҳуш ва ҷазмандешии калисо ва комилан орӣ аз тааққул ва тафаннун буд; баръакс дар ҷаҳони ислом донишмандони камназире чун Ибни Сино, Хоразмӣ, Форобӣ, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳаким Умари Хайём, Ибни Халдун ва Кендӣ… бидуни ҳеч маҳдудияте ба тарвиҷи дониш дар ҷаҳон иштиғол доштанд…”

(Ҳамон манбаъ, с.326)

“(Донишмандон) аз сӯи ҳокимони исломӣ ташвиқ мешуданд. Дар улуме назири улуми инсонӣ дар шохаҳои ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, адабиёт, фиқҳ, таърих, ҷуғрофиё ва ғайра… беҳтарин донишмандон зуҳур карданд; Идрисӣ ва Ёқути Ҳамавӣ ва Берунӣ аз ҷуғрофиёдонони бузург ва дорои таълифоти зиёде дар улуми мухталиф будаанд…”

(Таърихи илми Кембриҷ, с.320)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рушди санъат ва иқтисод дар ҷаҳони ислом
Ислом ва тамаддуни мағрибзамин

Матолиби пурбоздид