Офриқои Ҷанубӣ хостори боздошти Натонёҳу шуд 

Офриқои Ҷанубӣ хостори боздошти Натонёҳу шуд 
Исроил сафираш дар Офриқои ҷанубиро фаро хонд
Ахбори байналмилал
Times of Israel
Давлати Офриқои Ҷанубӣ аз дархости худ аз Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ (Гаага) ба манзури судури ҳукми боздошт барои Бенёмин Натонёҳу хабар дод.
Ба гузориши расонаии давлатии исроилии Times of Israel, дар пайи он, режими саҳюнистӣ сафираш дар Офриқои Ҷанубиро фаро хонд.
Бар асоси ин гузориш, режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба он чи ки “баёнияҳои ахири давлати Офриқои Ҷанубӣ” хонд, сафирашро ба манзури ройзанӣ, ба Исроил фаро хондааст.
Аввалҳои моҳи ҷорӣ Офриқои Ҷанубӣ дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, диплумотҳои худро аз сарзаминҳои ишғолӣ фаро хонд.
Як мақоми давлатии Офриқои Ҷанубӣ ҳафтаи гузашта дар пайи идомаи ҳамалоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо ба мардуми Ғазза гуфт: “Мақомоти исроилӣ, ки масъули иттифоқоти ногувори Ғазза ҳастанд, бояд бозхост шаванд. Исроил як қудрати ишғолгар аст ва бояд ба тавофуқи Женев пойбанд бошад. Исроил наметавонад алайҳи афроде, ки таҳти ишғол қарор доранд, эъломи ҷанг кунад”.
Дафтари раиси ҷумҳури Офриқои Ҷанубӣ дар баёнияе эълом кард, сарони кишварҳои узви “Брикс” имрӯз (сешанбе, 21 ноябр), як конфронси видеоии изтирорӣ барои баҳс дар бораи вазъият дар Ховари Миёна аз ҷумла навори Ғазза баргузор мекунанд.
Режими саҳюнистӣ то кунун беш аз 13 ҳазор нафар аз мардуми Ғаззаро ба шаҳодат расонда, ки аз ин теъдод 5500 нафар кӯдак ва 3500 нафар зан будаанд.
Times of Israel
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шод зиндагӣ кунед
Буҳрони ҳувият

Матолиби пурбоздид