Оятуллоҳ Хоманаӣ: Дар муқобили душман кӯтоҳ намеоем
Иншоаллоҳ ба тавфиқи илоҳӣ душманро ба зону дархоҳем овард
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо хонаводаи шуҳадои ҷанги 12 рӯза гуфт: “Мо дар муқобили душман кӯтоҳ намеоем, мо бо иттикои ба Худои Мутаъол, бо иттикол ба Худои Мутаъол ва бо итминон ба ҳамроҳии мардум, иншоаллоҳ ба тавфиқи илоҳӣ душманро ба зону дархоҳем овард.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Аввалан қишри бозор ва бозорӣ ҷузъи вафодортарин қишрҳои кишвар ба низоми исломӣ ва ба инқилоби исломӣ аст. Мо бозорро хуб мешиносем. Ба исми бозор ва бозорӣ наметавон бо Ҷумҳурии Исломӣ ва бо низоми исломӣ муқобила кард.”
Вай афзуд: “Бале; ин иҷтимоот умдатан аз тарафи бозориҳо буд, аммо ҳарфашон ҳарфи дурусте буд. Банда ҳарф – банда ҳам дар телевизион шунидам, ҳам дар муҳосибот ва дар корҳо инро дидам. Бозорӣ вақте, ки нигоҳ мекунад ба вазъи пулии кишвар, коҳиши арзиши пули кишвар, адами саботи қимати пули кишвар ва пули хориҷӣ, ки мӯҷиб бишавад муҳити касбу кор сабот надошта бошад, мегӯяд, ман наметавонам косибӣ кунам. Рост мегӯяд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Инро масъулини кишвар қабул доранд ва ман медонам, ки раисиҷумҳури мӯҳтарам ва дигар масъулини сатҳи болои кишвар, дар садади илоҷи ин мушкил ҳастанд.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон хотирнишон кард: “Ин як мушкил аст, ин ҳам дасти душман дар миён аст. Инро ҳам арз бикунам ба шумо. Ин гарон шудани қимати арзи хориҷӣ, боло рафтани беҳисоби арзи хориҷӣ ва адами саботи ӯ, ҳей биравад боло ва бияёд пойин, ки косиб надонад таклифаш чист, ин табиӣ нест, ин кори душман аст. Албатта бояд ҷилаваш гирифта бишавад, бо тадобири гуногун. Доранд талош мекунанд ҳам раисиҷумҳур, ҳам руасои қувои дигар, баъзе масъулини дигар доранд талош мекунанд, ки ин кор дуруст бишавад.”
Вай афзуд: “Бинобар ин бозориҳо эътирозашон ба ин матлаб буд ва ин матлаб, матлаби дурусте аст. Он чи муҳим аст ин аст, ки як идда одами таҳрикшудаи муздури душман пушти сари бозориҳо биистанд ва шиори зиди ислом ва зидди Эрон ва зидди Ҷумҳурии Исломӣ бидиҳанд. Ин муҳим аст.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Эътироз баҷост, аммо эътироз ғайр аз иғтишош аст. Мо бо мӯътариз ҳарф мезанем, бояд ҳарф бизананд масъулин бо мӯътариз, бо иғтишошгар ҳарф задан фоидае надорад. Иғтишошгарро бояд ба ҷойи худаш нишонд.”
Вай хотирнишон кард: “Ин ки як иддае таҳти ановини гуногун, номҳои гуногун меоянд ба қасди тахриб, ба қасди ноамн кардани кишвар пушти сари бозориҳои мӯъмину солим ва инқилобӣ қарор бигиранд, аз эътирози онҳо суистифода кунанд, иғтишош кунанд, аслан қобили қабул нест, мутлақан.”
Раҳбари Ҷ.И..Эрон таъкид кард: “Кори душманро бояд шинохт, душман ором наменишинад, аз ҳар фурсате истифода мекунад. Ин ҷо диданд як фурсате аст, аз ин хостанд истифода кунанд, албата масъулини мо дар майдон буданд ва хоҳанд буд; муҳим маҷмӯъаи миллат аст. Муҳим ҳамон чизҳоест, ки Сулаймониро Сулаймонӣ кард. Имон, ихлос, амал. Муҳим бетафовут набудан дар муқобили ҷанги нарми душман аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Бетафовут набудан дар муқобили шойеъапардозиҳои душман аст. Инҳо муҳим аст. Муҳим ин аст, ки вақте инсон эҳсос кард душман талабкорона мехоҳад таҳмил кунад як чизеро бар кишвар ва масъулин, бар давлат, бар миллат, бо қудрат, комил биистад дар муқобили душман ва сина сипар кунад. Мо дар муқобили душман кӯтоҳ намеойем, мо бо иттикои ба Худои Мутаъол, бо иттикол ба Худои Мутаол ва бо итминон ба ҳамроҳии мардум иншоаллоҳ ба тавфиқи илоҳӣ душманро ба зону дархоҳем овард”.
Farsnews
Қаламонлайн
qalamonline.net













