Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Душманон қатъан посухи дандоншикан дарёфт хоҳанд кард”
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар дидор бо ҳазорон нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯёни эронӣ гуфт:
“Душманон аъам аз Омрико ва режими саҳюнистӣ бидонанд, нисбат ба он чи ки дар муқобили Эрон ва ҷабҳаи муқовамат анҷом медиҳанд, қатъан посухи дандоншикан дарёфт хоҳанд кард.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ ин чунин дар идомаи сӯҳбатҳои худ гуфт:
“Масъала, масъалаи муқобила бо зулми байналмилалӣ аст. Барои миллати Эрон бо илҳом аз таолими ислом, муқобила бо зулм як фариза аст. Муқобила бо истикбор, як фариза аст. Истикбор яъне султаи иқтисодӣ ва низомӣ ва фарҳангии ҳамаҷониба ва таҳқири миллатҳо. Миллати Эронро таҳқир карданд; солҳо таҳқир карданд; аз ин рӯ муборизаи миллати Эрон бо истикбор будааст ва баъд аз ин ҳам ҳатман хоҳад буд.”
Қаламонлайн