Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мо доғдор ва азодори хунҳои рехташуда дар фитнаи деймоҳ ҳастем”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мо доғдор ва азодори хунҳои рехташуда дар фитнаи деймоҳ ҳастем”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон,  (сешанбе) бо ҷамъе аз мардуми Табрез дидор кард. Вай дар ин дидор гуфт: “Хунҳое бар замин рехта шуд. Мо доғдорем. Ман арз мекунам мо азодорем ба хотири хунҳое, ки рехта шуд. Як иддае, худи он муфсидину фитнагарону кудаточиҳо буданд, ки аҷал мӯҳлаташон надод ва ба дарак восил шуданд ва корашон бо Худост. Бо онҳо коре надорем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Лекин як иддае дигар буданд, ки ҷузъи онҳо набуданд. Се гурӯҳ буданд, се даста. Ман куштаҳо ва ҷонбохтаҳоро ба се даста тақсим мекунам. Як даста нерӯҳои мудофеи амният ва мудофеи саломати низом буданд, чӣ нерӯҳои интизомӣ, чӣ нерӯҳои басиҷӣ ва сипоҳӣ ва чӣ касоне, ки дар канори инҳо ҳаракат мекарданд. Шаҳид шуданд. Инҳо ҷузъи бартарини шуҳадоянд. Як даста инҳоянд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ идома дод: “Як даста раҳгузарҳо ҳастанд; вақте, ки фитнагар дар дохили шаҳр фитна барпо мекунад, фақат афроде, ки мувоҷеҳ бо ӯ ҳастанд аз байн намераванд, мардуми бегуноҳ дар хиёбон дорад роҳ меравад, як идда ҳам аз инҳо шаҳид шуданд. Инҳо ҳам шаҳиданд ба хотири ин ки дар фитнаи душман ба шаҳодат расиданд. Ин гулӯла аз ҳар ҷо омада бошад, дар фитнаи душман ин иттифоқ афтодааст ва инҳо шаҳиданд. Дастаи дуввум ҳам шаҳиданд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Дастаи севвум он касоне ҳастанд, ки фиреб хӯрданд, соддагӣ ба харҷ доданд, бетаҷриба буданд, бо фитнагарҳо ҳамроҳ шуданд, ман мехоҳам бигӯям онҳо ҳам аз мо ҳастанд; онҳо ҳам баччаҳои моянд, онҳо ҳам як иддаашон пушаймон шуданд, баъзешон ба ман нома навиштанд, ки мо он рӯз омадем дар хиёбон ва чӣ ва чӣ, моро ҳалол кун! Дар зиндон ҳам набуданд, озод буданд. Пушаймон шуданд, иштибоҳ карданд. Он касоне, ки аз инҳо кушта шуданд, онҳоро ҳам масъулин шаҳид маҳсуб карданд, хуб коре карданд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ баён кард: “Бинобар ин, доираи ҷонбохтагонамон, ки ба унвони шаҳид инҳоро ҳисоб мекунем, доираи васее аст. Ба ҷуз он асҳоби фитна ва сардастаҳо ва касоне, ки аз душман пул гирифтанд, аслиҳа гирифтанд, ба ғайри онҳо бақия чӣ аносири мудофеи амният, чӣ раҳгузарҳо ва чӣ ҳатто касоне, ки бо фитнагарҳо чандқадамӣ ҳаракат карданд, инҳо фарзандони мо ҳастанд; мо барои инҳо талаби раҳмат мекунем, талаби мағфират мекунем, иштибоҳ карданд, Худои Мутаол аз иштибоҳи инҳо даргузарад иншоаллоҳ.”

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бритониё номи Фаластинро аз харитаҳои таърихии худ ҳазф кард
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифиристад

Матолиби пурбоздид