Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳама хоҳанд фаҳмид сабру муқовамати Ғазза режими саҳюнистиро водор ба ақибнишинӣ кард”
Ахбори байналмилал
farsnews
Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (9 январ) дар дидори мардум, бо ишора ба истодагӣ ва муқовамати мардуми Ғазза гуфт: “Ин фаромӯш нахоҳад шуд, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки сабри он мардум ва истодагии муқовамати фаластинӣ ин режимро водор ба ақибнишинӣ кард.”
Вай хотирнишон кард: Хуб, режими саҳюнистӣ баъд аз ин қариб сад рӯзи ҷинояте, ки дорад анҷом медиҳад, ба ҳеч кадом аз ҳадафҳояш нарасида. Шикаст яъне чӣ? Шикаст яъне ҳамин. Гуфт, Ҳамосро аз байн мабарем, натавонистанд. Гуфт, мардуми Ғаззаро мунтақил мекунем, натавонистанд. Гуфт, ҷилави иқдомоти муқоваматро мегирем, натавонистанд.”
Вай афзуд: “Муқовамат зинда, сари ҳол, омода, он режим хаста, сарафканда, пушаймон ва доғи ботилаи ҷинояткор ба пешониаш хӯрда. Ин вазъест, ки имрӯз вуҷуд дорад. Ин ибрат аст.”
farsnews
Қаламонлайн