Оё дар ҷанги Укроин бештар тоҷикону доғистониҳо кушта мешаванд?
Абдуманнон Шералиев: Дар ҷанги Укроин бештар аз ҳама тоҷикону доғисониҳо кушта мешаванд
Шумори бештари кушташудагонро аз байни муҳоҷирон ва майдамиллатҳои Русия дар ҷанги ин кишвар алайҳи Укроин тоҷикон ва доғистониҳо ташкил медиханд.
Тибқи иттилои манбаи огоҳ, дар таҷовузи як кишвари славянӣ ба дигараш, тоҷикон ва доғистониҳо бештар аз ҳама қурбонӣ медиханд. Манбаъ мегӯяд аксари тоҷикон ва доғистониҳое, ки ба ҷанг сафарбар мегарданд, дар рӯзхои аввали расиданашон ба ҷабҳа, ба хатти муқаддам фиристода мешаванд. Дар натиҷа, набудани таҷриба ва ҷуръати тавъам бо саҳлангорӣ, боиси кушта шудани онҳо дар аввалин рӯзҳо мегардад.
Сабаби фиристодани тоҷикону доғистониҳо бештар ва зудтар аз дигарон ба хатти муқаддами ҷангро, манбаъ “дерзкий” будани онҳо медонад. Мегӯяд аз як тараф онҳо хеле беҳтар аз дигарон меҷанганд ва аз тарафи дигар ҳамеша вориди баҳс бо кумондонҳо мешаванд. Қумондонҳо бошанд бо зуд фиристодани онҳо ба хатти муқаддам бо як тир ду нишон мезананд.
Ба ин назари манбаъ, ки мегӯяд тоҷикон дар ҷанг хеле боҷуръаттар аз дигаронанд, мешавад бовар кард. Қаблан манобеи зиёде аз ҷуръати камназири тоҷикон ва ҳамеша дар хатти муқаддам қарор доштани онҳо дар сафи гурӯҳҳои ба ҳама маълум низ мегуфтанд. Соле қабл пойгоҳи ҳарбии русҳо дар Сурия ҳам бо дасти гурӯҳи осиёимарказӣ, ки бешатрашонро тоҷикон ташкил медиҳанд, суқут карда буд.
Ба назари ин ҷониб, дар истифодаи тоҷикону доғистониҳо дар саффи аввалу ҳарчи зудтар ба сӯи марг фиристодани онҳо, омилҳои сиёсӣ бештар муассиранд. Яъне русҳо барои ояндаи кишвари худ бештар аз дигарон тоҷикону доғистониҳои таҷрибаи ҷангидоштаро хатарноктар меҳисобанд. Албатта чеченҳо ҳам ҳастанд, аммо масъалаи онҳо дар ҳоли ҳозир фарқ мекунад ва мавзӯи баҳс нест. Таърихи дусад соли охири муносибати русҳо бо тоҷикон ва доғистониҳову чеченҳоро назар кунед.
Бо камоли таассуф, маълумотҳо ҳокӣ аз онанд, ки аксари тоҷикони ширкаткунандаи ин ҷанги бемаънӣ, ё ихтиёрӣ ба ҷанг рафтаанд ва ё ҳадди ақал имкон доштанд аз рафтан худдорӣ кунанд, аммо накарданд. Масалан ба онҳо пешниҳод шуда, ки ё ихроҷ аз Русия ва ё “яксолакак хидмат дар артиш ва сипас дарёфти шаҳрвандӣ” ва онҳо гузинаи дуввумро интихоб кардаанд.
Наметавон бештари онҳоро ҳатто барои чунин интихоб гунаҳкор кард. Гунаҳкор, ба назари банда, бештар ҷомеа ва мақомотанд.
Дар навиштаи баъди иншоаллоҳ ба тафсили бештари ин назар ва ҳамчунин сабабҳои рафтани мардону ҷавонони тоҷик ба ин ҷанг хоҳем пардохт.
Қаламонлайн
qalamonline.net













