Оқил он аст, ки андеша кунад поёнро

Таҳлили хабарӣ

Оқил он аст, ки андеша кунад поёнро

Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ

Тромп ва тимаш, зоҳиран аз онҳое ҳастанд, ки аввал як коре мекунанд сипас ба фикр фурӯ мераванд, ки он кор оё дуруст аст ё нест. Яъне ба ҷойи ин ки мисли одамҳои оқил пеш аз анҷоми коре аввал дар бораи он хуб андеша кунанд, балки аввал анҷомаш медиҳанд баъд фикр мекунанд, ки оё ин кор аслан дуруст аст ё нест. Ҳазрати Алӣ мефармояд:

ألتـَّدْبيرُ قَبْلَ الْعـَمَلِ يُؤمِنُ النـَّدَمَ

“Тадбир ва оянданигарӣ пеш аз амал, аз пушаймонӣ эмин месозад.” (Ғурарул-ҳикам, 1/372)

Асосан, фарқи оқил бо аҳмақ дар ҳамин аст ва ба қавли Саъдӣ:

Оқил он аст, ки андеша кунад поёнро.

Тромп, ки Венесуэларо таҳдид кард ва рӯзи ҷумъаро низ охирин мӯҳлат барои масалан рафтани Николас Мадуро, раиси ҷумҳури ин кишвар таъйин карда буд ва ҳушдор дод, ки бирав, вагарна ин мекунаму он мекунам, ин каллазард фикр накард, ки агар билфарз Мадуро наравад ва ҳозир бошад муқовимат кунад, баъд чӣ мешавад?! Инашро фикр накард. Зоҳиран гумонаш ин буд, ки Мадуро метарсад ва меравад, Қатарро ҳам ба унвони кишваре, ки гӯӣ Мадуро он ҷо паноҳ меоварад атрофиёни Тромп таъйин карда буданд ва расонаҳояшон мураттаб хабарсозӣ мекарданд.

Гумон кард, Мадуро низ мисли ҳуккоми залилмурда ва беғайрати араб, хусусан арабҳои халиҷи Форс аст, ки бо ин ки ба чашмон мебинанд Тромп ҳамроҳи Исроил бо Ғазза чӣ кор мекунад, аммо миллиардҳо доллар ва ҳавопаймо ба ӯ ҳадя мекунанд. Залилмурда ва беғайраттар аз ин ҳукком фақат худашон ҳастанд.

Ҳоло намедонам, Тромп ва тимаш чӣ тасмиме хоҳанд гирифт, аммо ҳар чи ҳаст, обрӯ ва эътибораш ҳисобӣ рафт.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назари мудири шабакаи Алҷазира дар Теҳрон дар бораи ҳавзаҳои илмияи Эрон
Дархости Поп аз Тромп барои хештандорӣ дар баробари раиси ҷумҳури Венесуэла

Матолиби пурбоздид