Пайванди Қуръон ва ҳикмат

Адаб

Пайванди Қуръон ва ҳикмат

Андешкадаи Қалам

Ҳофиз; пайванди ҳикмат ва Қуръон дар сухани шоир

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, шоири бузурги порсигӯ, дар яке аз байтҳои маъруфи худ ба вижагии сабки эҷодии хеш ишора карда, ҷойгоҳи нодири каломи худро дар миёни суханварони ҷаҳон бозгӯ намудааст.

Ҳофиз мегӯяд:
«Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,
Латоифи ҳикамӣ бо нукоти қуръонӣ».

Дар ин байт шоир таъкид мекунад, ки миёни ҳикмати ақлонӣ ва маърифати қуръонӣ пайванди нозук ва ҳамоҳанг эҷод намудааст.

Ба бовари пажӯҳишгарон, маҳз ҳамин омезиши маъноҳои ирфонӣ, ҳикмат ва қуръонӣ сабаби мондагорӣ ва ҷаҳонии осори Ҳофиз гардидааст.

Сухани Ҳофиз то имрӯз ҳамчун намунаи баланди адабиёти маънавӣ ва ирфонӣ мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони адабиёт қарор дошта, нақши муҳимме дар ташаккули фарҳанги сухан дар ҷаҳони форсизабон бозидааст.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Душманӣ
Пурсишҳои печидаи фалсафии ҷаҳон

Матолиби пурбоздид