Партоби мушаки болистик ба “Исроил”

Партоби мушаки болистик ба “Исроил”

Ахбори байналмилал

Аlmayadeen

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз 12-умин амалиёти артиши ин кишвар алайҳи мавозеи низомии Исроил бо партоби чанд мушаки болистик ба шаҳри Илот (ҷануби Фаластини ишғолӣ) хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, соате пеш, дар баёнияе эълом кард, ки артиши Яман имрӯз (6-декабр) амалиёти мунҳасир ба фардеро алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом дод.

Яҳё Сареъ гуфт: “Ягони мушакии Яман маҷмӯае аз мушакҳои болистикро ба самти аҳдофи низомии режими саҳюнистӣ дар минтақаи Уммуррашрош (Илот) воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ партоб кард.

Вай хотирнишон кард: “Ба амалиёти низомии худ алайҳи душмани исроилӣ ва ҳамчунин иҷрои тасмими ҷилавгирӣ аз ҳаракати киштиҳои исроилӣ дар баҳри Араб ва баҳри Сурх дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин ва то замони таваққуфи таҷовуз ба бародаронамон дар Ғазза идома хоҳем дод.

Аlmayadeen

Қаламолайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсони муваффақ кист?
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Володин

Матолиби пурбоздид