Партоби нахустин моҳвораи телевизионии Эрон ба фазо

Партоби нахустин моҳвораи телевизионии Эрон ба фазо

Ахбори байналмилал

Нахустин моҳвораи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо номи «Ҷоми Ҷам-1» ба фазо партоб шуд.

Ба иттилои манобеи расмӣ, ин моҳвора бо ҳадафи тақвияти зерсохтҳои иртибототӣ ва густариши имконоти пахши барномаҳои садову симо тарҳрезӣ гардида, қодир аст шабакаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар сатҳи фаромиллӣ пӯшиш диҳад.

Мақомот таъкид кардаанд, ки ба кор даромадани «Ҷоми Ҷам-1» заминаи беҳтари дастрасӣ ба барномаҳои расонаии эрониро дар минтақа ва берун аз он фароҳам месозад. Ин иқдом ҳамчун қадаме муҳим дар рушди фанновариҳои кайҳонӣ ва иртиботии кишвар арзёбӣ мешавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки партоби ин моҳвора метавонад имконоти техникии Эронро дар пахши мустақими телевизионӣ ва радиоӣ тақвият бахшида, вобастагӣ ба зерсохтҳои хориҷиро коҳиш хоҳад дод.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истиғфори Одам
Азоби виҷдон

Матолиби пурбоздид