Парҳезгорӣ ва тақвои илоҳӣ

Парҳезгорӣ ва тақвои илоҳӣ

Мабоҳиси динӣ-иҷтимоӣ

Барои чӣ инсон ниёз ба тақво дорад?

Аз назари ҳазрати Алӣ(р) тақво мояи равшании қалбҳо ва дармони дардҳои баданҳо, марҳами захми ҷонҳо, поккунандаи арвоҳ ва равшанибахши торикии чашмҳо ва амният дар нооромиҳо ва равшанкунандаи торикиҳост. Ҳамон гуна ки дар хутбаи 198 Наҳҷулбалоға омадааст:

“Ҳамоно тақво ва тарс аз Худо доруи бемориҳои дилҳо, равшании қалбҳо ва дармони дардҳои баданҳо, марҳами захми ҷонҳо, поккунандаи арвоҳ ва равшанибахши торикии чашмҳо ва амният дар нооромиҳо ва равшанкунандаи торикиҳои шумост.

Пас итоати Худоро пӯшиши ҷон, на пӯшиши зоҳирӣ қарор диҳед ва бо ҷон, на бо тан, фармонбардор бошед, то бо аъзою баданатон сиришта шавад ва онро бар ҳамаи корҳоятон ҳоким гардонед. Итоати Худоро роҳи ворид шудан ба оби ҳаёт, шафоатгари хостаҳо, паноҳгоҳи рӯзи изтироб, чароғи равшангари қабрҳо, оромиши ваҳшатҳои тӯлонии даврони барзах ва роҳи наҷоти лаҳзаҳои сахти зиндагӣ қарор диҳед. Зеро итоати Худо, василаи нигаҳдоранда аз ҳодисаҳои ҳалоккунанда ва аз ҷойгоҳҳои ваҳшатнок аст, ки интизори онро мекашед ва низ сабаби дурӣ аз ҳарорати оташҳои барафрухтааст.

Пас касе, ки тақворо интихоб кунад, сахтиҳо аз ӯ дур гарданд, талхиҳо ширин гардад ва фишори мушкилоту нороҳатиҳо бартараф шавад. Мушкилоти паёпай ва хастакунанда осон гардида ва маҷду бузургии аз даст рафта чун қатароти борон бар шахси тақводор фурӯ резад. Раҳмати боздоштаи ҳақ боз мегардад ва неъматҳои илоҳӣ пас аз фурӯ нишастан, ба ҷӯшиш меоянд ва баракатҳои камшуда афзоиш ёбад. Пас, аз Худое битарсед, ки бо панд додан шуморо нафъи фаровон бахшида ва бо рисолати Паёмбараш, шуморо некӯ андарз дода ва бо неъматҳояш, бар шумо миннат гузоштааст. Худро барои парастиши Худо фурӯтан гардонед ва бо анҷоми вазифаҳои илоҳӣ, ҳаққи фармонбардориро ба ҷо оваред”.

(Наҳҷулбалоға, хутбаи 198)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таълиму тарбият дар ислом – II
Ҷаҳонбинии исломӣ

Матолиби пурбоздид