Паёмбари Акрам(с) фармуданд…

Фарҳанг

Паёмбари Акрам(с) фармуданд…

Паёмбари Акрам(с) хитоб ба ҷавонон ва навҷавонон фармуданд…

Расули Акрам(с) фармуданд: “Луқмони Ҳаким ҳангоме ки писарашро мавъиза мекард, ба ӯ гуфт: Эй писарам, дар маҷолиси донишмандон ҳузур дошта бош ва суханони ҳакимонро бишнав, зеро Худованд дили мурдаро бо нури ҳикмат зинда мекунад, чунон ки замини мурдаро бо оби борон ҳаёт мебахшад”.

Дар ривояти дигаре фармудаанд: “Луқмони Ҳаким ҳангоме ки писарашро насиҳат мекард, ба ӯ гуфт: Эй писарам, кист, ки аз Худованд суроғ гирифт, вале ӯро наёфт ва кист, ки ба Худо паноҳ бурд, вале Худо аз ӯ дифоъ накард? Ё кист, ки ба Худо таваккул кард, вале Худо ӯро кифоят нанамуд?”

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Нигоҳ кардан ба се чиз ибодат аст: ба чеҳраи падару модар, ба Қуръон ва ба дарё”.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Худованд пок аст ва покиро дӯст дорад, покиза аст ва покизагиро дӯст дорад”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нолаи қалби муҳоҷир
Худсозӣ

Матолиби пурбоздид