Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳаракати бузурги миллати Эрон дурахшон ва фаромӯшнашуданӣ аст”

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳаракати бузурги миллати Эрон дурахшон ва фаромӯшнашуданӣ аст”
Ахбори байналмилал
Раҳбари Ҷ.И.Эрон паёме ба муносибати анҷоми интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эрон содир кард, ки ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
والحمد لله ربّ العالمین والصلاة والسلام علی سیدنا محمدٍ و آله الطاهرین سیما بقیّة الله روحی فداه
Худои азизу раҳимро сипос, ки бо ирода ва тавфиқи ӯ миллати бузурги Эрон тавонист пас аз мусибати сангини фуқдони раисиҷумҳури шаҳид, дар муддати кӯтоҳи қонунӣ, саҳнаи интихоботи риёсати ҷумҳуриро сомон диҳад ва дар ду ҷумъаи паёпай, интихоботе озод ва шаффоф баргузор кунад ва аз миёни чанд номзад, бо аксарияти оро раисиҷумҳури кишварро баргузинад.
Масъулони мӯҳтарами баргузории интихобот, бо шитоби лозим ва амонати комил, вазоифи худро анҷом доданд ва мардуми азиз, бо эҳсоси масъулият ба майдон омаданд ва саҳнаи гарму пуршӯр офариданд ва сандуқҳои интихоботиро дар ду марҳила бо беш аз 55 миллион раъй анбоштанд.
Ин ҳаракати бузург дар рӯёрӯӣ бо ғавғои дастсози таҳрими интихобот, ки душманони миллати Эрон барои илқои ноумедӣ ва бунбаст ба роҳ андохта буданд, коре дурахшон ва фаромӯшнашуданӣ аст ва ҳамаи номзадҳои мӯҳтарам ва ҳамаи касоне, ки барои пирӯзии ҳар як аз онон, ҳафтаҳо талоши шабонарӯзӣ карданд, дар ифтихор ва савоби он шариканд.
Акнун миллати Эрон раисиҷумҳури худро интихоб кардааст. Инҷониб бо табрик ба миллат ва ба раисиҷумҳури мунтахаб ва ба ҳамаи фаъолони ин саҳнаи ҳассос махсусан ҷавонони пуршӯри ситодҳои интихоботии номзадҳо, ҳамагонро ба ҳамкорӣ ва некандешӣ барои пешрафт ва иззати рӯзафзуни кишвар тавсия мекунам. Шоиста аст рафторҳои рақобатии даврони интихобот ба ҳинҷорҳои рафоқтӣ табдил шавад ва ҳар кас дар ҳадди тавони худ барои ободонии моддӣ ва маънавии кишвар талош кунад.
Ба ҷаноби оқои дуктур Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаб низ тавсия мекунам, бо таваккул ба Худованди Раҳмон, ба уфуқҳои баланд ва равшан чашм бидӯзанд ва дар идомаи роҳи шаҳид Раисӣ аз зарфиятҳои фаровони кишвар бавежа манобеъи инсонии ҷавон ва инқилобӣ ва мӯъмин, барои осоиши мардум ва пешрафти кишвар бештарин баҳраро бибаранд.
Бори дигар ҷабҳаи (пешонии) сипос бар даргоҳи ҳазрати Ҳақ мегузорам ва ба ҳазрати Бақиятуллоҳи Аъзам – Руҳӣ фидоҳ! – дуруд ва салом мефиристам ва ёди шаҳидони воломақом ва имоми бузургвори шаҳидонро гиромӣ медорам ва аз ҳамаи номзадҳои мӯҳтарам ва фаъолони арсаи интихобот, ки дар ин бурҳаи ҳассос нақшофаринӣ карданд ва низ расонаи миллӣ ва ҳофизони амнияти кишвар ва дастгоҳҳои иҷроии интихобот сипосгузорӣ мекунам.
Сайидалӣ Хоманаӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёу улумид дин – II
Пизишкиён: “Ба ҳама дасти дӯстӣ хоҳем дод!”

Матолиби пурбоздид