Паёми Хотамӣ (раиси ҷумҳури пешини Эрон) ба муносибати Рӯзи Қудс

Паёми Сайидмуҳаммади Хотамӣ (раиси ҷумҳури пешини Эрон) ба муносибати Рӯзи Қудс
Раиси давлати ислоҳот дар Эрон, дар паёме таъкид кард: “Бо камоли фурӯтанӣ, аз ҳамаи нухбагон ва фаъолони сиёсӣ ва мадании миҳанам мехоҳам, ки беш аз пеш дар матни таҳаввули ҷаҳонӣ қарор гиранд, ки асоси он маҳкумияти ишғол ва саркӯб ва дифоъ аз ҳуқуқи фаластиниён ва ҷурму ҷиноят донистани эъмоли зӯр аз сӯйи режими саҳюнистӣ аст.”
Ба гузориши Фарорӯ, матни паёми Сайидмуҳаммади Хотамӣ ба ин шарҳ аст:
Ба номи Парвардигори меҳрубон!
Ба фаромӯшӣ супурдани хотираҳои таърихӣ, поя ва мояи пойдорӣ ва пешрафтро суст мекунад ва чи басо мондагории як қавм ва як миллатро ба хатар афканад.
Рӯзе, ки унвони Қудс барои он баргузида шудааст, рӯзе хотираангез аст; охирин одинаи моҳи мубораки Рамазон ба пешниҳоди давлати шодравон муҳандис Бозаргон ва тайъиди марҳуми Имом (Хумайнӣ) Рӯзи Қудс номида шуд, ба унвони рӯзи ҳимояти мардуми мусалмон аз Фаластини ишғолшуда ва фаластиниёни мазлум ва рӯзи ҳамовоии давлатҳо ва миллатҳои мусалмон, ба умеди таҳаввуле дар ҳолу рӯзи андӯҳбори мардуми Фаластин; ва имрӯз Ғаззаи қаҳрамон дар тӯфони саҳмгине аз оташу хун, ки Исроил барангехтааст ва хун мерезад ва вайрон мекунад, ҳамчунон истодааст ва ба рағми эътироз ва фарёди хашми бисёре аз инсонҳо дар сар то сари ҷаҳон алайҳи ҷинояте, ки шоистаи ҳамаи унвонҳои терур, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст ҳамчунон идома дорад ва мавриди ҳимояти порае аз давлатҳои зӯргӯ аст ва бисёре аз қудратҳои сиёсӣ низ амалан бетафовут аз канори он мегузаранд.
Миллати шарифи Эрон, ки дар инқилоби бузурги худ озодӣ ва истиқлол ва пешрафт ва ҳокимият бар сарнавишти худро мехост ва ситамсӯзии худро нишон медод, илова бар озодӣ ва бархӯрдории худ, раҳоии ҳамаи инсонҳоро аз қайди бедод, фақр, табъиз ва истикбор ва истисмор мехост ва ҳамчунон мехоҳад.
Бо дили саршор аз андӯҳ аз шаҳодат ва осеб дидани чандин ҳазор нафар зану мард ва кӯдак ва вайронии тақрибан комили Ғазза ва идомаи ҷинояти Исроил, муқовимати бемонанди миллати ситамдида, аммо сарбаланди Фаластинро меситоям ва умедворам ин муқовимати фидокорона фардои беҳтарро барои фаластиниён рақам бизанад ва бо камоли фурӯтанӣ, аз ҳамаи нухбагон ва фаъолони сиёсӣ ва мадании миҳанам мехоҳам, ки беш аз пеш дар матни таҳаввули ҷаҳонӣ қарор гиранд, ки асоси он маҳкумияти ишғол ва саркӯб ва дифоъ аз ҳуқуқи фаластиниён ва ҷурму ҷиноят донистани эъмоли зӯр аз сӯйи режими саҳюнистӣ аст.
Аз парвардигори меҳрубон мехоҳам, ки ба ҳурмати рӯзону шабоне, ки дар он ба сар мебарем, гузари пурҳазинаи инсони имрӯзро аз дунёи саршор аз бедод, табъиз, ҳаққкушӣ, инсонситезӣ ва шайъангории инсон ба сӯйи ҷаҳоне, ки дар он ҳамаи инсонҳо ва миллатҳо дар сояи сулҳ ва адолат ва баробарӣ ва амнияти бархӯрдор аз зиндагии хуб (ба тамоми маънии калима) бошанд, осон ва шитобон фармояд.
Сайидмуҳаммади Хотамӣ
16 фарвардини 1403
24 Рамазони 1445
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамсари солеҳ
Масъалаи Фаластин

Матолиби пурбоздид