Паёми Яҳё Синвор ба Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми Яҳё Синвор ба Сайидҳасан Насруллоҳ

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, Яҳё Синвор, паёме ба Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон навишт.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Синвор хитоб ба Сайидҳасан Насруллоҳ навиштааст: “Бо камоли қадрдонӣ ва ифтихор, паёми табрик ва таслияти шумо барои шаҳодати Исмоил Ҳаниа ва ҳамроҳони вайро дарёфт кардем.”

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар идома эълом кард: “Аз ҳамбастагии омехта бо эҳсосоти самимона ва шариф ва иқдомоти пурбаракати ҷаноби олӣ дар ҷабҳаҳои Меҳвари Муқовамат дар ҳимоят ва пуштибонӣ ва мушорикат дар ин набард сипосгузорем ва аз Худованди Мутаол масъалат дорем, ки ба талошҳои шумо баракат диҳад ва шумо ва кишваратонро аз ҳар шарре ҳифз кунад!”

Дар идомаи ин паём омадааст: “Усули волое, ки фармондеҳ Ҳаниа хостори он буд, собит ва ҷорӣ хоҳад буд ва ҷунбиши мо ва муҷоҳидони мо аз он пайравӣ хоҳанд кард.”

Раҳбари Ҳамос таъкид кард, ки хуни раҳбарон ва муҷоҳидони муқовамат рангинтар ва гаронбаҳотар аз хуни мардуми мазлуми Фаластин нест ва ин хунҳо ва қофилаҳои пурбаракати шуҳадо, бар қудрат ва салобати муқовамат дар муқобили ишғолгарони нозӣ-саҳюнист хоҳад афзуд.

Дар хотимаи ин паём омадааст: “Аз Худованди Мутаол мехоҳем, ки шумо, хонавода ва хонаҳоятонро дар хайру амният ва субот ҳифз кунад.”

Aljazeera

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ривояти таърихдони омрикоӣ аз ҳазм шудани муғулҳо дар тамаддун ва фарҳанги эронӣ
Даҳ гуфтор – IX

Матолиби пурбоздид