Паёми ҳамдардии Путин ба Пизишкиён

Паёми ҳамдардии Путин ба Пизишкиён

Ахбори байналмилал

Президенти Русия Владимир Путин дар паёме ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба муносибати шаҳодати Раҳбари Эрон Сайид Алии Хоманаӣ изҳори ҳамдардӣ намудааст.

Дар ин паём, Путин терори Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои хонаводаи ӯро, ки ба гуфтаи вай «бо нақзи ошкори меъёрҳои ахлоқи инсонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ анҷом шудааст», маҳкум кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия таъкид намудааст, ки дар Русия Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчун давлатмарди барҷаста ёд хоҳад шуд, ки дар таҳкими равобити дӯстонаи Русия ва Эрон ва расонидани он ба сатҳи шарокати густардаи стратегӣ саҳми  бузург доштааст.

Путин ҳамчунин дархост кардааст, изҳори ҳамдардӣ ва ҳимояти самимонаи ӯ ба пайвандон ва наздикони Раҳбарӣ, Ҳукумати Эрон ва тамоми мардуми кишвар иблоғ шавад.

 Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми ҳамдардии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Пизишкиён
Афзоиши талафот дар мушакборон дар Байт-Шамси Исроил

Матолиби пурбоздид